МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Муташаккил шудан, бодиққат гӯш кардан, хондану навиштан, мустақилона ва фаъолона кор кардан, ҳамаи супоришҳоро тез, ботартиб ва зебо анҷом додан, ҳамаи ин маҳорату одатҳо ва амсоли инҳо аз тарафи психологияи умумӣ равшан карда мешаванд.
Педагогикаи миллӣ ба антропология, хусусан антропологияи педагогӣ, ки ба ташаккул ва инкишофи биологии инсон машғул аст, робита дорад. Дар ташаккули шахс ба назар гирифтани хусусиятҳои инкишофи биологӣ шарт ва зарур аст.
Алоқаи педагогика бо ҳаёт, бо ҷомеаи навин таҷрибаи пешқадами омӯзгорон, бо фаъолияти ҳамарӯзаи хонандаҳо бештар дар он ифода мегардад, ки чи тавр мо дигаргуниҳои ҷомеаи навин аз таҷрибаи ҳаётии бачаҳо, мушоҳидаи табиат, меҳнату воқеаҳои ҷамъиятӣ, аз фаъолияти таълимию меҳнатии хонандагон моҳирона истифода мебарем. Ба ин маънӣ, агар мисолҳо бештар аз ҳаёти синф, мактаб, мушоҳидаи худи хонандагон, корҳои хаттию эҷодии онҳо гирифта шаванд, ба мақсад мувофиқтар аст.
Вақтҳои охир дар боби алоқаи педагогика бо кибернетика масъала гузошта мешавад, ки асос дорад. Кибернетика қонунҳои умумии умури самараноки ҳама гуна равандҳост. Масъалаҳои таълими барномавӣ, алгоритм ва тест ба миён меояд, ки педагогика наметавонад дар канор бошад.
Ба назар гирифтани алоқаи педагогика бо илмҳои дигар ба андешаи мо, аз ду ҷиҳат муҳим аст:
- худи илми педагогика ғанӣ гардида тараққӣ мекунад; 2) раванди кори таълиму тарбия руҳи тоза мегирад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ: -
- Фанни педагогика бо кадом фанҳо алоқамандӣ дорад?
Педагогика ҳамчун илми мустқил барои инкишофи илмҳои дигар чӣ гуна таъсир мерасонад?
- Фанни педагогика бо кадом фанҳо алоқамандӣ дорад?
- Донистани алоқамандии педагогика бо дигар илмҳо барои фаъолияти омӯзгор чӣ аҳамият дорад?
-
- Педагогикаи миллии халқи тоҷик бо кадом фанҳо алоқаманд аст, шарҳ диҳед.
Робитаи илми педагогика бо илмҳои дигарро дар диаграммаи ВЕНН нишон диҳед.
2.4. Методҳои илмӣ-тадқиқотии педагогика Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Методҳои илмӣ-тадқиқотии педагогикаро медонанд ва истифода мебаранд.
• Хусусияти тадқиқоти педагогиро аз дигар тадқиқотҳо фарқ мекунанд.
• Ба методҳои илмӣ-тадқиқотии педагогика тавсиф дода метавонанд.
Нақша:
• Методҳои тадқиқотии педагогика
• Таснифоти методҳои тадқиқоти педагогӣ
• Омӯхтан ва ҷамъбаст кардани таҷрибаҳои пешқадами педагогӣ
МЕТОДҲОИ ТАДҚИҚОТИИ ПЕДАГОГИКА
Педагогика ба таҳқиқи қонуниятҳои таълим ва тарбия, принсипҳои фаъолияти мактабҳо, муайян кардани мазмуни таълим ва методҳои фаъолонидани кори таълиму тарбия машғул аст. Тамоми таърихи инкишофи педагогика бо роҳи ҷустуҷӯи шакл, роҳ ва воситаҳои таълиму тарбия саршор аст. Педагогика аз ҳисоби тасвироти педагогӣ, кашфиётҳои педагогӣ ва тадқиқотҳои педагогӣ инкишоф меёфт ва инкишоф меёбад.
Методҳои тадқиқот воситаҳоеанд, ки бо ёрии онҳо тарафҳои гуногуни тарбия, маълумот ва таълим омӯхта мешаванд.
Тадқиқотҳои имрӯзаи педагогӣ бо чунин хусусиятҳояш фарқ мекунад:
а) Андозаи аниқи тарафҳои гуногуни раванди педагогӣ; б) Санҷиши дастовардҳо бо ёрии нишондиҳандаҳои аниқ; в) Васеъ истифода намудани методҳои гуногуни тадқиқот.
Методҳои тадқиқоти илми педагогика чунинанд: мушоҳида, суҳбат ва мусоҳиба, Озмоиши педагогӣ, тадқиқоти назариявӣ, омӯхтани ҳуҷҷатҳои мактабӣ ва маҳсули фаъолияти хонандагон, омӯхтан ва ҷамъбаст кардани таҷрибаҳои пешқадами педагогӣ, методҳои сотсиологии тадқиқот: анкета (саволнома), эҳсоси математикӣ ва ғайра.
- Педагогикаи миллии халқи тоҷик бо кадом фанҳо алоқаманд аст, шарҳ диҳед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё