МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
– Педагогикаи табобатӣ (валеология) — ҳамгироии илми тиббӣ-педагогӣ, ки ин фан системаи фаъолияти таълимиву тарбиявии омӯзгорон бо мактаббачагони беморро меомӯзад.
– Педагогикаи ҳарбӣ назария ва амалияи таълим ва тарбияи ҳамаи ҳарбиёнро дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва қисмҳои қувваҳои мусаллаҳ, ки ҷавонон ихтисосҳои ҳарбиро аз худ менамоянд, фаро мегирад.
– Педагогикаи ислоҳотӣ-меҳнатӣ — илм дар бораи азнавтарбиякунии шахсоне мебошад, ки дар маҳкамаҳо барои ҷиноятҳои кардаи худ дар он ҷо мебошанд, бо ҳуқуқшиносӣ алоқаманд аст. Методикаҳои омӯзиш, ки хусусиятҳои умумӣ ва қонуниятҳои омӯзиши фанҳои гуногуни таълимӣ, чунончи, забони модарӣ, таърих, математика, кимиё, физика ва ғайраҳоро фаро мегирад.
– Таърихи педагогика — соҳаи илми педагогика буда, ҳолат ва инкишофи назария ва амалияи тарбия ва таълими насли наврасро дар давраҳои гуногуни инкишофи ҷамъияти инсонӣ меомӯзад.
СОҲАҲОИ ПЕДАГОГИКАИ МАХСУС
Педагогикаи махсус ё дефектология-қонуният ва хусусиятҳои инкишофи бачагони аз ҷиҳати равонӣ ва ҷисмонӣ имконияти маҳдуддоштаро меомӯзад.
Педагогикаи махсус, ки чунин соҳаҳо дорад:
– тифлопедагогика — масъалаҳои тарбияи кудакони нобино ва узви босиравиашон суст;
– сурдопедагогика — онҳоеро тадқиқ мекунад, ки кар ва кару гунганд;
– олигофренопедагогика — таълиму тарбияи кудакони модарзоди заифақл;
– логопедия — кудакони дар нутқ нуқсдор-лакнатзабонро меомӯзонад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
- Соҳаҳои фанни педагогика кадомҳоянд?
- Барои чӣ фанни педагогика ба соҳаҳои гуногун ҷудо карда шудааст?
- Системанокии таълими илмҳои педагогиро номбар кунед.
- Педагогикаи махсус чиро меомӯзад?
- Педагогикаи махсус аз педагогикаи мактаб ҷӣ фарқ дорад?
- Фарқияти педагогикаи соҳавӣ ва педагогикаи маълумоти касбиро Шумо дар чӣ мебинед?
-
- Кадом асарҳои педагогии олимони тоҷикро дастрас намудед ё мутолиа мекунед?
Мақсаднокии омӯзиши педагогикаи махсусро асоснок карда, хулосаҳои худро дар шакли эссе нависед.
2.3. Робитаи илми педагогика бо илмҳои дигар Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Баҳамалоқамандии илмҳоро медонанд ва моҳияти онро дар фаъолияти педагогӣ маънидод мекунанд.
• Робитаи педагогикаи миллии халқи тоҷикро бо дигар фанҳо медонанд ва бо мисолҳо маънидод мекунанд.
Нақша:
• Алоқаи педагогика бо илмҳои дигар.
• Робитаи педагогикаи миллии халқи тоҷик бо дигар фанҳо.
АЛОҚАИ ПЕДАГОГИКА БО ИЛМҲОИ ДИГАР
Илми педагогика дар робита бо илмҳои дигар инкишофу такомул меёбад.
Педагогика аслан бо фалсафа, сотсиология, эстетика, этика, психология, анатомия-физиологияи одам, ҳифзи саломатӣ (гигиена), этнография, математика, педиатрия (муолиҷаи касалиҳои бачагона), адабиёти бачагона ва ғайраҳо алоқадор аст.
Ин алоқамандиҳо барои чуқур омӯхтани моҳиятҳои тарбия ва коркарди асосҳои назарияи педагогика ёрӣ мерасонанд. Масалан, фалсафа дар коркарди назарияи илмии педагогика нисбати муайян кардани мавқеи аввалини тадқиқоти ҳодисаҳои педагогӣ барои олимон нақши методологӣ мебозад. Сотсиология, этика, эстетика ҳам нисбати педагогика аз бисёр ҷиҳат вазифаи методологиро адо мекунад. Ғояҳои илмҳои дигар низ бевосита барои коркарди масъалаҳои асосии мушаххаси педагогӣ хизмат мекунанд. Чунончи, ғояҳои психологӣ мавриди коркарди қонуниятҳои ташкили фаъолияти дарккунии хонандагон дар раванди таълим васеъ истифода бурда мешаванд. Ғояҳои анатомӣ ва физиологӣ оид ба фаъолияти рефлексҳои шартӣ, инкишофи ҷисмӣ баҳри ифшо намудани асосҳои илмии он дигаргуниҳое, ки тавассути таъсироти ботинии шахс зоҳир мегардад ва ба ташаккули маҳорату малакаҳо ва одат вобастаанд, кумак мерасонанд.
- Кадом асарҳои педагогии олимони тоҷикро дастрас намудед ё мутолиа мекунед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё