МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Баъд аз он бобҳои 12–16 ба ислоҳотҳои мактабҳо бахшида шудаанд, Коменский чунин меҳисобид, ки то пайдоиши «Дидактикаи бузург» муассисаҳои таълимӣ хеле кам буданд.
Аз ҷониби Ян Амос Коменский низоми синфӣ-дарсӣ асоснок карда шуд.
Мафҳумҳои соли таълимӣ, чорякҳо, рӯзҳои хониш, таътил муқаррар ва ҷорӣ карда шуд.
Дар бобҳои 17–24 методҳои таълим ҷой дода шудаанд.
Асари Я. А. Коменский «Дидактикаи бузург» аз аввалин асарҳо доир ба назарияи педагогика мебошад.
Назарияҳои педагогии Ян Амос Коменский ҷанбаи илмӣ дорад ва дар рушди маданияти ҷаҳон саҳми бузург гузоштааст.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
- Фанни педагогика чиро меомӯзад?
- Мафҳумҳои асосии педагогикаро шарҳ диҳед.
- Вазифаҳои фанни педагогикаро шарҳ диҳед.
- Номгӯи асарҳои педагогии олимони соҳаи педагогикаро нависед.
- Дар рушди илми педагогикаи муосири миллӣ кадом олимони таҷик саҳми арзанда гузоштаанд, номнавис кунед.
-
- Я. А.Коменский дар рушди илми педагогика чӣ гуна саҳм гузоштааст?
Аз китобҳои гуногуни дарсии фанни педагогика таърифи мафҳумҳои: тарбия, таълим, инкишоф, маълумотро ба дафтаратон нависед ва муқоиса кунед.
2.2. Соҳаҳои илми педагогика Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Системаи илмҳои педагогиро баён мекунанд ва баҳамалоқамандии соҳаҳои фанни педагогикаро мефаҳманд.
• Соҳаҳои педагогикаи махсусро медонанд ва мисол меоранд.
• Мақсад ва вазифаҳои соҳаҳои фанни педагогикаи махсусро муайян намуда, шарҳ дода метавонанд.
Нақша:
• Системанокии таълими илмҳои педагогӣ
• Соҳаҳои педагогикаи махсус
СИСТЕМАНОКИИ ТАЪЛИМИ ИЛМҲОИ ПЕДАГОГӢ
Педагогика соҳаҳои гуногуни илмӣ дорад ва ҳар яке соҳаи муайянро тадқиқ мекунад. Ба системаи педагогика илмҳои зерин дохил мешавад:
– Педагогикаи умумӣ — фанни илмии базавӣ буда, қонуниятҳои тарбияи инсонро, ки асосҳои умумии ҷараёни таълиму тарбияро дар ҳамаи намудҳои муассисаҳои тарбиявӣ ба роҳ мемонад, меомӯзад.
– Педагогикаи мактаб, ки қонуниятҳои таълим ва тарбияи хонандагони мактаби маълумоти умумиро тадқиқ мекунад.
– Педагогикаи синнусолӣ, хусусиятҳои тарбиявии одамони синну соли гуногун: қаблазтомактабӣ, томактабӣ, педагогикаи мактаб, педагогикаи калонсолонро меомӯзад.
– Педагогикаи томактабӣ — илм дар бораи қонуниятҳои инкишоф, ташаккули шахсияти бачагони синни томактабӣ.
– Педагогикаи маълумоти касбӣ омода намудани мутахассисони дорои дараҷаи дониши баландро меомӯзад.
– Педагогикаи маълумоти миёнаи касбӣ масъалаҳои тарбияи касбиро дар муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ меомӯзад.
– Педагогикаи мактаби олӣ қонуниятҳои ҷараёни таълимӣ-тарбиявиро дар шароитҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, махсусияти масъалаҳои гирифтани маълумоти олиро меомӯзад.
– Педагогикаи махсус таълиму тарбияи бачагони имконияташон маҳдудро меомӯзад.
Педагогикаи соҳавӣ:
– Педагогикаи иҷтимоӣ таҳияи назария ва амалияи соҳаи таълим ва тарбияи беруназмактабии бачагон ва калонсолонро дар бар мегирад.
– Педагогикаи оила — ҷиҳатҳои муҳими тарбияи муфиди кудакони оилаҳои пешқадамро омӯхта, ба дигар хонадонҳо паҳн мекунад.
– Педагогикаи халқӣ — илм дар бораи таҷрибаи мушоҳидавии гурӯҳи этникӣ дар таълим ва тарбияи бачагон.
- Я. А.Коменский дар рушди илми педагогика чӣ гуна саҳм гузоштааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё