Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

– Нақшаи фардии донишҷӯ дар давраи таҷрибаомӯзӣ;
– Рӯзномаи корӣ;
– Нақшаи тақвимии дарсҳо;
– Нақшаи корҳои тарбиявӣ;
– Нақша — матни дарсҳои алоҳида;
– Нақша — матни чорабиниҳои тарбиявӣ;
– Дафтари таҳлили машғулиятҳои таълимию тарбиявӣ;
– Тавсифномаи хонандаи алоҳида ва коллективи синф;
– Нақшаи худомӯзӣ ва худтарбиякунӣ дар давраи таҷрибаомӯзӣ;
– Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти таҷрибаомӯз.
Мавриди таҳия намудани ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзӣ зоҳир намудани мустақилии ҳар як таҷрибаомӯз барои тайёрӣ ба касби ояндаи омӯзгорӣ заминаи амалӣ мегузорад. Донишҷӯ дар ҳуҷҷатгузорӣ натанҳо таҷрибаи педагогии худ, ҳамчунин фаъолияти иҷтимоӣ педагогии умумиро низ азхуд ва таҳлил мекунад.
Ҳамаи талаботи зикрёфта нисбати таҷрибаи педагогӣ дар айни замон хеле муҳиманд, вале эҷодкорона ва муфидона бо кашфиётҳои нав такмил додани онҳо ба қобилияти минбаъдаи омӯзгорони оянда вобаста аст, зеро ҳар касбу пеша зинаҳо тараққиёти хулро дорад.
Ҳамин тавр, дар ҷараёни таҷрибаи педагогӣ вазифаи ташаккулёбии омӯзгори оянда нисбати пайдо кардани маҳорати педагогӣ, пойдор намудани донишҳои назарии илми равоншиносию педагогӣ ва донишҳои махсус, инчунин истифодабарии онҳо дар ҷараёни таълиму тарбия ҳалли худро меёбанд. Ба замми ин таҷрибаомӯзон дар муҳити воқеии касби омӯзгорӣ бо таҷрибаҳои пешқадами педагогии замон мусаллаҳ мегарданд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Номгӯи ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзиро нависед.
  2. Муайян намоед, ки дар давраи таҷибаомӯзи донишҷӯ-таҷрибаомӯз бо кадом субектҳои раванди таълиму тарбия ҳамкорӣ менамояд?
      1. Ҷадвали вазифаҳои таҷрибаомӯзро тартиб диҳед.
        Ҳуқуқ ва уҳдадориҳо таҷрибаомӯзонро муайян намоед.
        Намунаи нақшаи корҳои тарбиявӣ ва нақшаи яксоатаи тарбиявии синфи ибтидоиро таҳлил намоед.
        Фасли 2. Асосҳои умумии педагогика
        Салоҳиятҳои фасли таълимӣ:
        • Мафҳумҳои асосии педагогикаро медонад ва маънидод карда метавонанд.
        • Системаи илмҳои педагогӣ ва алоқамандии онҳоро бо фанҳои дигар шарҳ медиҳанд.
        • Тарбияро чун омили пешбарандаи инкишофи шахсият арзёбӣ мекунанд.
        • Хусусиятҳои раванди педагогиро шарҳ медиҳанд ва нақши омӯзгорро дар ташкили он арзёбӣ мекунанд.
        • Шакл ва намудҳои муассисаҳои таълимиро фарқ карда, вазифа ва фаъолияти онҳоро шарҳ дода метавонанд.
        • Маънои инноватсияи педагогӣ ва аҳамияти онро дар раванди таълиму тарбияро тавзеҳ медиҳанд.
        2.1. Педагогика илм дар бораи таълиму тарбия Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
        • Пайдоиш ва инкишофи илми педагогикаро медонанд ва ҳамчун фанни таълимӣ меомӯзанд.
        • Давраҳои инкишофи илми педагогикаро муайян карда тавонанд.
        • Мафҳумҳо ва вазифаҳои асосии фанни педагогикаро номбар карда метавонанд ва истифода мебаранд.
        • Таълимотҳои олимон-педагогонро медонанд ва дар фаъолияи худ истифода мебаранд.
        Нақша:
        • Пайдоиши педагогика ҳамчун илм, фан ва вазифаҳои педагогика
        • Мафҳумҳои асосии педагогика: тарбия, таълим, маълумот, инкишоф
        • Вазифаҳои асосии фанни педагогика
        • Таълимоти педагогии Я. А. Коменский
пешина
аз 142
навбатӣ