Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ шаклҳои кори такмили ихтисоси омӯзгорон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. 2) 3) 4) 5) 6) Вазифа ва хусусиятҳои хоси таҷрибаи педагогиро номбар кунед.
    Вазифаҳои донишҷӯро дар давраи таҷрибаомӯзӣ муайян намоед.
    Намудҳои таҷрибаомӯзиро номбар кунед ва шарҳ диҳед.
    Таҷрибаи омӯзгорӣ кадом малакаҳои донишҷӯёнро тақвият медиҳанд?
    Аҳамияти таҷрибаи омӯзгорӣ дар низоми тайёрии омӯзгориро муайян намуда нависед.
    Равияҳои асосии кори тарбиявии давраи таҷрибаи омӯзгориро дар кластер ҷой диҳед.
    1.33. Ҳуҷҷатгузорӣ дар давраи таҷрибаомӯзии педагогӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Доир ба ҳуҷҷатҳои давраи таҷрибаомӯзӣ маълумоти пурра мегиранд.
    • Қисматҳои рӯзномаи таҷрибаомӯзро шарҳ медиҳанд.
    • Дар раванди таҷрибаи омӯзгорӣ ҳуҷҷатҳои марбут ба таълиму тарбияро шарҳ дода метавонанд.
    • Нақшаи тарбиявӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои омӯзгорро таҳлил мекунанд.
    Нақша:
    • Намудҳои асосии ҳуҷҷатгузорӣ дар давраи таҷрибаомӯз
    НАМУДҲОИ АСОСИИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ДАР ДАВРАИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ
    Таҷрибаомӯзии педагогӣ хусусиятҳои таълимӣ дорад. Фаъолияти омӯзгор аз кори донишҷӯён бо он тафовут дорад, ки омӯзгор мунтазам ба раванди яклухти таълимию тарбиявӣ машғул мегардад. Мақсади фаъолияти омӯзгор ба ташаккул додани шахсияти хонандагон нигаронида мешавад. Мақсади кори донишҷӯ бошад, пеш аз ҳама ташаккул додани худ ва ҳосил намудани маҳорат ва уҳдабароӣ нисбати ташкили раванди мураккаби яклухти таълиму тарбия мебошад.
    Донишҷӯён таҳти мушоҳидаҳои методистон ва омӯзгорони мактаб ба сифати омӯзгор ва роҳбари синф мустақилона кор мебаранд. Донишҷӯён тибқи нишондод ва дастурҳои пешниҳодшудаи донишгоҳ амал намуда, чунин вазифаҳоро ба сомон мерасонанд:
  2. Азхуд кардани маҳорат ва муносибати педагогӣ бо хонандагон.
  3. Азхуд кардани маҳорати омӯхтани ҳар як хонанда.
  4. Азхуд кардани равишҳои корҳои ташкилии беруназсинфии ҳаёти хонандагон.
  5. Азхуд кардани маҳорати ҳамкорӣ ва робита бо волидайни хонандагон.
    Ҳангоми ба синфҳо вобаста гардидани донишҷӯён ба ҳайси роҳбари синф, аз рӯзҳои аввали таҷрибаомӯзӣ нақшаҳои тақвимии таълимии фаннӣ, нақшаи корҳои таълимӣ ва тарбиятии роҳбари синфи таъиншудаашонро тартиб медиҳанд. Тибқи ин нақшаҳо дарсҳоро мушоҳида мекунанд ва ба ҳайси роҳбари синф тартиби гузаронидани системаи корҳои тарбиявиро муайян намуда, ташкил менамоянд. Дарс ва чорабиниҳои тарбиявии дар ҷамъомади таҷрибаомӯзон ба таври муфассал баррасӣ карда мешавад. Фаъолият ва корҳои ҳаррӯзаи донишҷӯён дар рӯзномаи шахсии ҳар кадом инъикос меёбад.
    Донишҷӯён аз рӯзҳои аввали коромӯзӣ нақшаҳо тақвимии таълимии фаннӣ ба худ мансуб буда, нақшаи корҳои таълимӣ ва тарбиявии роҳбари синфи таъиншудаашонро ёддошт менамоянд. Тибқи ин нақшаҳо дарсҳоро мушоҳида мекунанд ва ба ҳайси роҳбари синф корҳои тарбиявӣ баргузор менамоянд. Ҳар дарс ва чорабиниҳои тарбиявӣ дар ҷамъомади таҷрибаомӯзон ба таври муфассал баррасӣ карда мешавад ва ҳамаи ин бояд дар рӯзномаи шахсии ҳар кадом инъикос ёбад.
    Таҷрибаомӯз дар аоси нақшаи тарбиявии роҳбари синфи таъиншудааш ба ҳайси роҳбари синф фаъолият мекунад. Таҷрибаомӯзони синфҳои ибтидоӣ бо корҳои созмони «Ахтарон», бо кумитаи худидоракунии хонандагон нисбати амиқ омӯхтани асосҳои фан ва интизоми бошуурона шуғл меварзанд. Барои фаъол гардонидани коллективҳои хонандагон чораҳо меандешанд.
пешина
аз 142
навбатӣ