Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бозии дидактикӣ — ташкили мақсадноки бозиҳои дидактикӣ раванди моделсозии фаъолияти касбии мутахассисонро дар назар дорад. Дар раванди бозиҳои дидактикӣ моделсозӣ дар шароити бозсозии таҷрибаи касбӣ ва иҷтимоӣ амалӣ мегардад. Дар натиҷа андӯхтан, фаъолшавӣ ва тағйири донишу малакаҳо, афзоиши таҷрибаи шахсӣ ва инкишофи он ба амал меояд. Асоси бозии дидактикиро вазъияти проблемавии бозӣ ташкил медиҳад. Бозии таълимӣ шакли инкишофёбанда ва муташаккили педагогии таъсири мутақобили иштирокчиёни он мебошад.
Дар истифодаи бозии таълимӣ метавон се давраро чудо намуд: тайёрӣ, гузаронидан, ҷамъбасти бозӣ.
Омодасозӣ ба бозӣ, ташхиси вазъияти бозӣ, муайянсозии ҳадафу мақсад, вазифаҳо, сохтор ва навиштани сенарияро пешбинӣ менамояд.
Баргузории бозӣ фарогири фаъолсозии масъалаҳо, ташреҳи шароитҳои бозӣ, мусоид намудани вазъиятҳои проблемавӣ мебошад. Ҳангоми ҷамъбандӣ дараҷаи комёбӣ ва расидан ба мақсад муайян карда мешавад, паҳлӯҳои мусбату манфии бозӣ ошкор ва роҳҳои таҳкими оянда нишон дода мешаванд.
Амалия — ҳадаф аз амалия дар шароити истеҳсолӣ ба даст овардани маҳорату малакаи касбӣ мебошад. Амалия дар раванди фаъолияти касбӣ таҳти роҳбарӣ ва фаъолияти ташкилӣ-методии омӯзгор ва мутахассис дар самти мавриди назар амалӣ мегардад. Амалия навъҳои гуногун дорад: таълимӣ, истеҳсолӣ, педагогӣ пешаздипломӣ ва ғайра.
Ҳамин тариқ, омӯзгори оянда бояд барои инкишофи донишҳои касбии худ асосҳои маҳорати педагогиро омӯзад, қобилиятҳои худро инкишоф диҳад, такти педагогиро азхуд кунад ва ба тайёрии касбии худ эҷодкорона муносабат намояд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Намудҳои фаъолияти педагогӣ кадомҳоянд?
  2. Дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ вазифаҳои донишҷӯ аз чӣ иборат аст?
      1. Омӯзгори муосир кадом масъулиятҳоро дар уҳда дорад?
        Обрӯю эътибори омӯзгор ба чӣ вобаста аст?
        Барои омодагии касбии омӯзгорони оянда дар муассисаи таҳсилоти касбӣ кадом шакли машғулиятҳо ба роҳ монда мешавад?
        1.2. Бузургон дар бораи касби омӯзгорӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
        • Аз адабиёти илмию бадеӣ ақидаҳои олимон, шоиру нависандагонро оид ба касби омӯзгорӣ азхуд мекунанд ва истифода мебаранд.
        • Мавқеи касби омӯзгориро дар ҷомеаи муосир муайян карда метавонанд.
        • Муносибати худро ба касби омӯзгори муайян мекунанд.
        Нақша:
        • Ситоиши омӯзгор дар адабиёти илмӣ-бадеӣ.
        • Мавқеи омӯзгор дар ҷомеа аз нуқтаи назари олимон-педагогон.
        СИТОИШИ ОМӮЗГОР ДАР АДАБИЁТИ ИЛМӢ-БАДЕӢ
        Пешаи омӯзгорӣ дар ҳақиқат душвору заҳматталаб аст, вале ифтихорист.
        Омӯзгорон бо ибораи маъмул парчамдорони ҷомеаанд ва сафои имрӯзу бақои фардои миллатро таъмин месозанд.
        Муаллим сарвару саркори инсон,
        Муаллим номбардори азизон.
        Ба даҳри беҳудуду оламу даҳр,
        Муаллим ҷамъи ахбори парешон.
        Муаллим — омӯзгор вожаҳое, ки барои ҳар яки мо ошною муқаддас. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Омӯзгор шахси барумандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Тавре гуфтаанд:
        Хаққи устод аз падар беш аст,
        В-аз падар устод дар пеш аст.
пешина
аз 142
навбатӣ