МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Афкори педагогии халқи тоҷик чун адабиёти классикии он хеле ғанӣ аст.
Бештари асарҳои вакилони барҷастаи адабиёти классикии тоҷику форс, ки роҷеъ ба масъалаҳои одаму одамгарӣ, адолату некӯкорӣ, илму маърифат, фазлу адаб, ҷавонмардӣ, донишу амал — ҳамаи намудҳои тарбия ва фазилатҳои неку бади инсонӣ дахолат намудаанд, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Чунончи, «Тадбири манзил», «Шифо», «Урҷуза фит-тиб», фаслҳои аввали «Ал-қонун»-и Ибни Сино, «Рӯшноинома» ва «Саодатнома»-и Носири Хисрави Қабодиёнӣ (1004–1088), «Бӯстон»
ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ (1203/8–1292), «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ (1414–1492) ва дигарон. Ҳамчунин, дигар асарҳои хоси парвариши панду ахлоқи ниёгон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус», «Ахлоқи Носирӣ»-и Насируддини Тӯсӣ, «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Ҷалолиддини Давонӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Возизи Кошифӣ ва дигарон дар тарбияи наслҳои имрӯзу оянда, аҳамияти бузург доранд. Баъзе ин асарҳо дар давоми қарнҳо дар мактабу мадрасаҳо ҳамчун дастури таълимӣ ва дар хонаводаҳо, ба хусус барои волидайн, ҳамчун воситаи тарбияи кӯдакон истифода шуда омадаанд.Омӯзгорро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.
Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест, Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад.
МАВҚЕИ ОМӮЗГОР ДАР ҶОМЕА
АЗ НУҚТАИ НАЗАРИ ОЛИМОН-ПЕДАГОГОН
Омузгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Онҳо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия дар мамлакат ва боз ҳам обрӯманд гаштани ҷумҳуриамон дар арсаи байналмилалӣ пайваста заҳмат мекашанд, софдилона меҳнат мекунанд. Бо назардошти ин хизматҳои волояш омӯзгорро ҳамеша ситоиш ва васф мекунанд. Дар осори ҳамаи мутафаккирони халқи тоҷику дигар халқиятҳо ва олимон оид ба хизматҳои омӯзгор ва нақши омӯзгор дар ҷомеа ақидаҳои пурмуҳтаво иброз гардидааст, ки чанде аз онҳоро меорем:
Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллимомӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии хонандагон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.
«Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад».
Эмомалӣ Раҳмон
«Устод, бояд бидонад, ки наметавонад ба ҳар шогирд ҳар санъатеро таъмин кунад, балки дар кадом аз шогирдон завқу шоистагии омӯхтан ва фаро гирифтани саноати махсусро доранд. Бояд ба ҳар кас муносиби завқу истеъдодаш саноат омӯхт, вагарна таълиму тарбия натиҷаи номатлуб медиҳад».
«Омӯзгори ҳақиқӣ ҳамонест, ки дониши ӯ дониши хонандагонаш гардад».
Абдӯалӣ Ибни Сино
Д. И. Менделеев
«Агар омӯзгор барои эҳёи тафаккури насли нав хизмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт».
А. С. Макаренко
«Ба омӯзгорон вазифаи олиқадр супорида шудааст, ки дар зери офтоб аз он баландтаре нест».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё