Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Сиришти наслҳои олимақом аз бисёр ҷиҳат ба заҳмату фаъолияти омӯзгорон вобастааст.
МАШҒУЛИЯТҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР МУАССИСА ҲОИ
ТА ҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ
Лексия — шакли асосии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ маҳсуб меёбад ва фарогири баёни низомӣ ва якагуфторонаи маводи таълимӣ аз ҷониби омӯзгор ҳисоб мешавад. Маъмулан, лексия дорои се ҷузъ аст: муқаддима, қисмати асосӣ, хулоса.
Чунин намудҳои лексия мавҷуданд: муқаддимавӣ, ихтисосӣ, умумӣ ва хоса.
Дар радифи лексияҳои муқаррарӣ лексияҳои ғайримуқаррарӣ, аз қабили лексияи проблемавӣ, лексияи дугона, лексияи машварат, лексия-муколама ва ғайра мавҷуданд.
Машғулиятҳои амалӣ — муҳокима ва баррасии дастаҷамъонаи мавзуъҳои муайян аз рӯи саволҳои омодашуда мебошад. Тарзҳои гуногуни гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, аз ҷумла, маърӯза ва гузориш, мубоҳиса ва ғайра мавҷуданд.
Маъмулан, машғулиятҳои амалӣ дар чунин шакл гузаронида мешавад: дар оғоз омӯзгор дар бораи мавзуъ ва мақсади машғулият маълумот медиҳад, баъдан муҳокимаи саволҳои гузошташуда сурат мегирад ва дар охир натиҷагирӣ мешавад.
Экскурсия — чунин шакли таълим аст, ки дар чараёни он аз маҳалҳои таълимии истеҳсолӣ боздид ба амал меояд. Давраҳои асосии экскурсия аз омодасозии нақша, ташкил ва гузаронидани экскурсия ва натиҷагирии он иборат мебошад.
Кори мустақилонаи таълимӣ фарогирии донишҳо ва малакаҳоеро дар назар дорад, ки хонандагон зимни мутолиаи адабиёти мавриди назар ба даст меоранд.
Конференсия — аз муҳокимаи дастаҷамъонаи масъалаҳои муайяни илмӣ — амалӣ иборат мебошад. Конференсия омодагии зиёдро тақозо мекунад, аз ҷумла муайянсозии мавзуъ, фароҳамсозии масъалаҳо, доираи ширкаткунандагон, коркарди нақшаи баргузорӣ, омода намудани маҷмуи маводи конференсия. Одатан, конференсияҳо ифтитоҳӣ ва бахшӣ (сексионӣ) мешаванд ва тавсияҳои амалӣ пешниҳод менамоянд.
Машварат — шакли машғулияти таълимӣ мебошад, ки дар ҷараёни он хонандагон ба саволҳои худ аз ҷониби омӯзгорон ҷавобҳои мушаххас мегиранд. Машварат метавонад инфиродӣ ва гурӯҳӣ бошад.
Машғулияти инфиродӣ — бо хонандагони алоҳида гузаронида мешавад ва мақсад аз он баланд бардоштани дараҷаи омодагии шогирдон ва инкишофи истеъдодҳои эҷодии онҳо мебошад.
Кори лабораторӣ. Дар ҷараёни машғулиятҳои лабораторӣ бо роҳбарии омӯзгорон ё худ мустақилона ба хотири амиқсозӣ ва таҳкими донишҳои назарӣ, инкишофи малакаҳои мустақили озмоишӣ кори амалӣ гузаронида мешавад. Он дар ташаккули касбӣ қисми муҳимро ташкил мекунад ва нуқтаи пайванд миёни назария ва амалия мебошад. Намудҳои кори лабораторӣ аз муаррификунанда, озмоишӣ, проблемавӣ- ҷустуҷӯӣ иборат мебошанд.
Машғулиятҳои амалӣ зимни омӯзиши фанҳои илмӣ- табиӣ, ҳамчунин дар раванди омодагии касбии меҳнатӣ истифода мешаванд. Онҳо дар лабораторияҳо, устохонаҳо, кабинетҳои таълимӣ, синфҳои компютерӣ ва дигар қитъаҳои истеҳсолӣ гузаронида мешаванд.
Одатан, корҳои амалӣ ба таври гурӯҳӣ (3–5 донишҷу) дунафара (2 нафар) ё ба таври инфиродӣ аз рӯи дастурҳои муайян гузаронида мешаванд. Машғулиятҳои амалӣ метавонад бо асбобу анҷом, гузаронидани таҷрибаву санҷишҳо вобастагӣ дошта бошад.

пешина
аз 142
навбатӣ