Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Муҳимтарин хислатҳои шахсии хонандаи хурдсол иборатанд аз: эътимод ба итоаткорӣ ба омӯзгор, афзоиши ҳассосият, бодиққатӣ, муносибати соддалавҳона ва бозича ба бисёр чизҳое, ки ӯ дучор мешавад. Дар рафтори хонандаи синфҳои ибтидоӣ итоаткорӣ ва тақлид ба назар мерасад.
Омӯзиш барои хонандаи хурдсол фаъолияти нав ва аз ин рӯ ҷолиб буда, аз мушкилиҳо холӣ нест. Ӯ мушкилиҳои таҳсилро бо кумаки омӯзгор паси сар мекунад, баъд тадриҷан онҳо худашон малакаҳои мувофиқро ба даст меоранд (маҳз дар ин раванд онҳо фаъолияти мустақилонаи таълимӣ, қобилияти омӯхтанро инкишоф медиҳанд). Кӯдакон дар ин синну сол ҳисси бепарвоӣ, инҷиқӣ, якравӣ доранд.
Дар хонандагони хурдсол равандҳои маърифатӣ ҳанӯз ба қадри кифоя инкишоф наёфтаанд. Аммо оҳиста-оҳиста дар фаъолияти руҳӣ ва рафтори мактаббачагон боҷуръатӣ, ироданокӣ, устуворӣ дар ҳалли масъалаҳои гуногун ва амалҳои ихтиёрии равонӣ ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, аҳамияти баҳодиҳии натиҷаҳои фаъолияти хонанда аз ҷониби калонсолон меафзояд. Фаъолияти тарбиявию маърифатии хонанда тариқи баҳодиҳӣ рушд дода мешавад. Баҳодиҳии омӯзгор барои хонанда воситаи ҳавасмандкунанда аст ва ин баҳодиҳӣ ба худбаҳодиҳии хонанда асос шуда метавонад. Баҳодиҳии омӯзгор ба кӯдак кумак мерасонад, ки бо мурури замон худбаҳодиҳии кори худро омӯзад ва ба ин васила дар онҳо сифатҳои худбаҳодиҳӣ, мустақилиятнокӣ, озодандешӣ, худбоварӣ, ташаббускорӣ, навоварӣ, амалигардонӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию бунёдкорӣ ташаккул меёбанд.
Дар зинаи ибтидоии таҳсилот барои камол расонанд шахсиятҳои бофарҳангу аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ устувор ва кордон заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад, ки он дар асоси нишондоди Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии умумӣ амалӣ мегардад. Стандарти мазкур ба татбиқи модели сифатан нави рушди шахсият нигаронида шуда, барои таъмини иҷрои ҳадафҳои асосии зерин пешбинӣ шудааст:
– ташаккули шахсияти хонанда, қобилияти эҷодии ӯ, шавқу ҳавас ба омӯзиш, майлу хоҳиш ба донишандӯзӣ;
– тарбияи ҳиссиёти ахлоқӣ ва эстетикӣ, муносибати мусбати эҳсосӣ ва арзишманд ба худ ва муҳити атроф;
– азхуд намудани низоми дониш, малака ва маҳорат, таҷриба дар татбики фаъолияти гуногун;
– ҳифз ва таҳкими саломатии ҷисмонӣ ва руҳии кӯдакон;
– ҳифз, дастгирӣ ва инкишоф додани қобилияти фитрии кӯдак.
СТАНДАРТИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот стандартҳои давлатии таҳсилот тибқи моддаи 8‑и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
(2013) муқаррар карда шудаанд, ки аз нишондиҳандаҳои зерин иборатанд:
– ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ ва шарту шароити иҷрои онҳо;
– ҳаҷми ҳадди ақал ва ниҳоии соатҳои таълимӣ;
– талаботи асосӣ ба сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагон;
– муҳлати омӯзиши барномаҳои таълимӣ;
– ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи меъёрии марбут ба таҳсилот.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ ҳатмӣ мебошад. Тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ кардани стандартҳои давлатии таҳсилотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Назорати татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилотро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ менамояд.

пешина
аз 142
навбатӣ