Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «1» августи соли 2015, № 494 ва бо тағйироту иловаҳо бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 483 тасдиқ шудааст.
Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи маориф дар самти таҳсилоти умумӣ муайян ва таъмин намуда, маҷмуи талаботро ба сатҳи мувофиқи таҳсилот муқаррар менамояд.
Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.
Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ — ҳуҷҷати меъёриест, ки маҷмуи мақсад, вазифаҳо, мазмуни асосии таҳсилот, принсипҳои асосии ташкили ҷараёни таълимро муайян намуда, талаботи умумиро ба ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ, сифати дониш, малака, маҳорат ва салоҳияти хонандагон, қоидаҳои назорати давлатии сифат ва натиҷаҳои таҳсилот, сатҳи омодагии хатмкунандагон ва ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро муқаррар менамояд.
Таҳсилоти миёнаи умумӣ аз се зина иборат аст: зинаи 1 таҳсилоти ибтидоӣ (синфҳои I–IV); зинаи 2 таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои V–IX); зинаи 3 таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои Х–ХІ). Муҳлати таҳсил 11 сол. Таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтор ва мазмуни он ягонагию алоқамандии се зинаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро таъмин мекунад. Зинаи 1 ва 2 сатҳи заминавии (такягоҳӣ) таҳсилоти миёнаи умумии асосиро ташкил медиҳад. Муҳлати таҳсил 9 сол. Ин ду зинаи таълимӣ ҳатмӣ мебошанд. Зинаи якуми таҳсилоти умумӣ таҳсилоти ибтидоии умумиро таъмин намуда, барои идомаи таҳсил дар зинаи дуюм замина мегузорад. Ҷалби кӯдаконе, ки ба синни 7 расидаанд, ба синфи як ҳатмӣ мебошад. Таҳсилоти умумии асосӣ барои таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳуҳуқ медиҳад. Таҳсилоти миёнаи умумӣ бо гузаронидани аттестатсияи давлатии ҷамъбастӣ анҷом меёбад. Таҳсилоти миёнаи умумӣ барои идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳуқуқ медиҳад. Давомнокии соли таҳсил дар синфи 1 33 ҳафта ва дар синфҳои 2–4 на камтар аз 34 ҳафтаро ташкил медиҳад. Дар зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилоти миёнаи умумӣ давомнокии соли таҳс ил аз 34 то 37 ҳафтаро ташкил медиҳад.
ХУСУСИЯТҲОИ ТАШКИЛИ ТА ҲСИЛИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ
Мактаби ибтидоӣ муҳимтарин давраи инкишофи синнусолӣ ва барқароршавии шахсияти хонандагон мебошад. Мактаб ҳатман вазифадор аст, дараҷаи баланди маълумотро диҳад. Мактабҳои мо хоҳ дар шаҳр ва хоҳ дар деҳот хонандагонеро дарс медиҳанд, ки дараҷаҳои гуногуни инкишофро доранд. Вобаста ба шароити имрӯзаи иҷтимоию иқтисодӣ кӯдакон аз оилаҳои гуногун ба мактаб ҷалб карда мешаванд. Бинобар ин мактабҳо наметавонанд ба ҳар хонанда барномаҳои таълимии фардиро пешниҳод намоянд. Мактаби ибтидоии имрӯза дар ҷустуҷӯи роҳҳои нав ва самаранок, восита ва шаклҳои таълим ва тарбияи хонандагон мебошад.
Олими барҷаста, педагоги муосири тоҷик Шарифзода Ф. дар асари худ «Педагогика: назарияи инсонофар ва ҷомеаи фарҳангӣ» барои фароҳам овардани шароити иҷтимоию фарҳангии раванди таълиму тарбия, ба омӯзгор як қатор мулоҳизаҳоро пешниҳод намудаанд:
– ба бача, ба шодмонӣ, ғаму андуҳ, шавқу рағбат, нобоварии бача, ба азиятҳои ботинии ӯ таваҷҷуҳи гарму самимӣ зоҳир созад: дар зарурат ба ӯ мадад расонад, ҳамдардӣ баён кунед, ба ғаму шодиаш шарик шавед;
– бо хонанда ҳамчун бо одами калонсол бо боварӣ ва эҳтиром муошират намоед;
– рӯзи таваллуди ҳар як хонандаро дар синф тантана кунед, вайро табрик намоед, туҳфа диҳед. Ӯ бояд ҳис кунад, ки ӯро дӯст медоранд, омӯзгорон ва ҳамсинфон ба шахсияти ӯ эҳтиром меварзанд ва аз ӯ комёбиҳо интизоранд.

пешина
аз 142
навбатӣ