МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Шахсияти инсон дар натиҷаи таъсири омилҳои сершумор, объективию субъективӣ, табиию иҷтимоӣ, дохилию берунӣ, мустақил ва вобаста ба ирода ва шуури одамон, ки ба таври дақиқ ё аз рӯи мақсадҳои муайян амал мекунанд, ташаккул ва инкишоф меёбад. Ташаккул ва инкишофи мақсадноки шахсият тарбияи аз ҷиҳати илмӣ ташкилшударо таъмин менамояд.
Ақидаҳои илмии муосир дар бораи тарбия ҳамчун раванди ба мақсадноки ташаккул ва инкишофи шахсият дар натиҷаи бархурди дуру дарози як қатор ақидаҳои педагогӣ инкишоф ёфтаанд.
Мутафаккирони форсу тоҷик Шайх Муслиҳиддини Саъдии Шерозӣ дар асарҳояш «Гулистон» ва «Бӯстон», Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Ҳафт авранг», «Баҳористон», Аҳмади Дониш дар «Наводир–ул-вақоеъ» оид ба масъалаи муайян кардани таносуби омилҳои табиӣ ва иҷтимоӣ дар ташаккули шахс ба таълиму тарбия баҳои баланд дода, ба қонуниятҳои ирсиву заминаҳои табиии инкишоф ташаккули шахсиятро тавсия медиҳанд.
Аксари педагогҳои Аврупо низ ақидаи вобаста ба қонуниятҳои табиат ташаккул додани шахсияти кӯдакро пеш бурдаанд. Дар таҳқиқотҳои Л. Ф. Тихомирова ва А. В. Басов нишон дода шудааст, ки ҷузъи асосии рафтор, ки устувории организмро ба таъсироти гуногуни зараровар таъин менамояд, фаъолнокии ҷустуҷӯӣ мебошад. Ин ҷузъ яке аз сифатҳои шахсият буда, ба муносибати кӯдак ба фаъолияти таълимӣ таъсир мерасонад. Л. Ф. Тихомирова дар муҳити иҷтимоие, ки тағйироти зеҳн ва эҷодкориро муайян мекунад, ду ҷанбаро муқаррар кардааст: 1) таъсироти мутақобили байнишахсӣ; 2) ҷанбаи фаннию иттилоотӣ. Зери ҷанбаи таъсироти мутақобили байнишахсӣ хусусият, воситаҳои таъсироти мутақобил ва муносибатҳои эмотсионалии субъектҳо фаҳмида мешавад, ки аз он ҷумла, дар микромуҳити оила зоҳир мегарданд. Ҷанбаи фаннию иттилоотӣ сохтори раванди таҳсилот, шаклҳои таълим ва мундариҷаи барномаҳои таълимиро фаро мегирад, ки ба инкишофи қобилияти эҷодӣ равона шудаанд.
Олим Кант И. қобилияти дарки эҳтиром ба қонуни ахлоқро аломатҳои шахсият меномад. Мафҳуми шахсият ҳамин тавр бо мафҳуми субъекти ахлоқӣ мувофиқат пайдо мекунад. Аломатҳои зикрёфта, ки хоси табиати инсонанд, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Кант ба андозаи пурра ҷиҳатҳои объективии моҳияти инсонро ба ҳисоб мегирад.
Аксари онҳо инсонро ҳамчун падидаи табиат тавсиф менамоянд, ки ба қонунҳои он тобеъ мебошад.
Олим Гегел Г. қисман бо ақидаи Кант И. розист. Ӯ эътироф менамояд, ки инсон як ҷузъи табиат буда, маҳз табиат ба ҳар як кас фардият мебахшад. «Мафҳуми фардият воқеият аст, он ҳанӯз ҳаракати худро зоҳир накардааст ва ин ҷо бевосита ҳамчун ҳастӣ-дар-худ ошкор шудааст». «Фардияте, ки табиат замина гузоштааст, — ба таъкид меовард Гегел, — дар воқеияти бошуурона (аввал фикран, сипас мушаххас) инкишоф меёбад.
Қобили зикр аст, ки ба ташаккули шахсияти хонандагон дар мактаб академик М. Лутфуллозода аҳамияти махсус додааст: «Мактаб — ибтидои ҳамаи оғозҳо, аз ин ҷо роҳ на танҳо ба саҳроҳо ва сехҳо, на танҳо ба санъат, балки ба лабораторияи олимон сар мешавад, дар ин ҷо майлу рағбатҳои Менделеевҳо ва Ломоносовҳои оянда тавлид мешаванд. Чӣ қадар муҳим аст дар хотир доштан, ки ба хонандагони имрӯза лозим меояд, ки фардо асрори қаъри заминро кушоянд, ба оламҳои нав парвоз кунанд, технологияи комилан нави истеҳсолотро бунёд ва аз худ намоянд! Аз ин ҷо, дар мактаби муосир шароитеро фароҳам овардан зарур аст, ки дар онҳо бачагони мо истеъдоду қобилияти хешро вусъат бахшида тавонанд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё