МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти ибтидоии умумӣ ҳатмӣ ва дастраси омма аст.
Таҳсили кӯдакон дар синфи якуми зинаи аввали таҳсилот тибқи моддаи 16‑и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (2013) аз синни ҳафтсолагӣ оғоз мешавад. Таҳсил дар синфҳои ибтидоӣ 4 сол — аз синфи 1 то 4 давом мекунад. Ба синфҳои ибтидоӣ як омӯзгор вобаста карда мешавад, ки вай ба синф масъул буда, аксарияти фанҳоро (ба ғайр аз забони русӣ, забони хориҷӣ ва тарбияи ҷисмонӣ) дарс медиҳад. Ҳар як синфи ибтидоӣ ҳуҷраи алоҳида дорад, ки дар он ҳамаи дарсҳо, ба истиснои дарсҳое, ки ҳуҷра ё таҷҳизоти махсусро талаб мекунанд, ташкил ва гузаронида мешаванд. Шумораи дарсҳо одатан дар як рӯз аз чор-панҷ соат зиёд нест.
Таъйиноти асосии таълими ибтидоӣ аз он иборат аст, ки ба бачагон хондан, навиштан, ҳисобкунии бошуурона ва нутқи дуруст омӯзонида шуда, муносибати бомасъулият ба меҳнат, завқи хуби адабӣ, бо воситаҳои ҳар як фанни таълимӣ сифатҳои беҳтарини ахлоқӣ, дӯст доштан ва арҷгузорӣ ба халқу ватани хеш, забони модарӣ, арзишҳои маънавӣ ва табиати кишвар, муносибати боэҳтиром ба халқҳои дигар ва фарҳанги миллиро тарбия дода, ба инкишофи ҳаматарафа ва ошкор намудани қобилияти онҳо мусоидат карда шавад. Ин вазифаҳоро бояд фанҳои таълимии синфҳои ибтидоӣ — забони модарӣ, забони русӣ, забони хориҷӣ, математика, табиатшиносӣ, санъати тасвирӣ ва меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ, суруд ва мусиқӣ иҷро намоянд.
Маориф воситаи асосии рушди ҷомеаи инсонӣ буда, ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи ахлоқии ҷомеа пояи асосӣ мегузорад. Танҳо шахси донишманд ва бомаърифат дар дигаргунсозию тараққиёти кишвари худ, бунёди сарвати моддию маънавӣ фаъолона ширкат варзида, роҳи ҳаёташро муайян ва дар ҷомеа мавқеъ пайдо мекунад.
Дар ҳама давраҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон маориф ҳамчун самти афзалиятнок такягоҳи боэътимоди давлат мебошад. Бинобар ин низоми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи шахсияти созандаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро вазифаи асосии худ мешуморад, ки дар моддаи 5‑и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (2013) омадааст:
– таъмини кафолати давлатии ҳуқуқи шахс ба таҳсил;
– муҳайё намудани шароит барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ;
– фароҳам овардани заминаи устувори ахлоқ ва тарзи ҳаёти солим;
– мукаммал гардонидани зеҳн бо роҳи фароҳам овардани шароит барои инкишофи шахс;
– тарбияи шахсияти дорои эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ;
– дарки муносибати огоҳонаи шахс ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ.
Таҳсилот ба ташаккули шахсияти инсон таъсири калон мерасонад. Таҳсил — ин раванди таъсиррасонии мақсаднок аз ҷониби одамони дигар ба шахс, таълиму тарбияи шахсият мебошад. Дар ташаккули шахсият, фаъолият ва шуури ҷамъиятӣ нақши халкунанда мебозад. Таҳсилот на танҳо яке аз шаклҳои оммавии фаъолияти инсон аст, балки асосии ташаккули ҷомеаи инсониро таъмин месозад, зеро вазифаи асосии таҳсилот дар замони муосир ин мутобиқсозии шахс ба самти муайянкардаи талаботи иҷтимоӣ мебошад.
Таҳсилот — ин фаъолияти интиқоли таҷрибаи ҷамъиятию таърихӣ ба наслҳои нав, таъсири мунтазам ва мақсаднокест, ки ташаккули шахсият, омодагии ӯро ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва меҳнати истеҳсолӣ таъмин менамояд.Тарбияи шахсият аз як тараф ба ошноии инсон бо арзишҳои фарҳанг нигаронида шуда бошад, аз тарафи дигар тарбия аз фардсозӣ иборат аст. Зеро шахсият ҳастии инфиродӣ ва ченаки инфиродии муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё