Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Муассисаи таълимии давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.
  2. Муассисаи таълимии давлатие, ки мақоми ҷумҳуриявӣ дорад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.
  3. Муассисаи таълимии давлатие, ки мақоми маҳаллӣ дорад, бо қарори ма қомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.
  4. Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ бо қарори муассис (муассисон) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлатӣ мегузарад.
  5. Муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ ба сохтори мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ва муассисаҳои таълимии маҳаллӣ ба сохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
  6. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  7. Муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар шаҳраку деҳот танҳо бо розигии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти дахлдор пас аз ба охир расидани соли хониш барҳам дода мешаванд.
  8. Дар сурати барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида гузаронидани таълимгирандагонро мувофиқи хоҳиши онҳо ба дигар муассисаҳои таълимии мувофиқ таъмин менамоянд.
    САВОЛ ВА СУПОРИШ:
      1. Муассисаҳои низоми маорифи кишваррро тавсиф кунед.
        Дар Тоҷикистон муассисаҳои таълимӣ дар кадом шакл амал мекунанд?
        Мувофиқи Консепсияи мактаби миллии тоҷик сохт ва типи мактабҳо дар чанд зина пешниҳод шудааст?
  9. Вазифаҳои муассисаҳои гуногуни таълимию тарбиявӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» чӣ гуна муқаррар карда шудааст?
    1.13. Мазмун ва мақсади зинаи таҳсилоти ибтидоӣ дар замони муосир Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Хусусиятҳои хоси зинаи таҳсилоти ибтидоиро аз дигар зинаҳои таҳсилот фарқ карда метавонанд.
    • Мақсад ва вазифаҳои таҳсилотро дар замони муосир муайян мекунанд.
    • Вазифаҳои асосии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва зинаи ибтидоии таҳсилотро медонанд.
    Нақша:
    • Таҳсилот ба манфиати рушди устувори шахсият.
    • Таҳсилоти ибтидоӣ — асоси ташаккули шахсият.
    • Стандарти таҳсилоти ибтидоӣ.
    • Хусусиятҳои ташкили таҳсили хонандагони синфҳои ибтидоӣ.
    ТАҲСИЛОТ БА МАНФИАТИ РУШДИ УСТУВОРИ ШАХСИЯТ
    Таҳсилоти ибтидоӣ зинаи аввали таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Тоҷикистон ва бисёр кишварҳои дигар мебошад. Хусусияти таҳсилоти ибтидоӣ дар он аст, ки кӯдакон ба синфи якуми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дараҷаи гуногуни омодагии таълим, таҷрибаи нобаробари иҷтимоӣ ва фарқиятҳои инкишофи психофизиологӣ меоянд. Таҳсилоти ибтидоии умумӣ ба он нигаронида шудааст, ки дар амалӣ намудани қобилиятҳои ҳар як шахс ва фароҳам овардани шароит барои рушди фардии кӯдак мусоидат намояд. Ҳангоми таҳсил дар синфҳои ибтидоӣ кӯдакон донишҳои аввалинро дар бораи олами атроф гирифта, малакаҳои ҳалли масъалаҳои амалӣ ва муоширатро пайдо мекунанд.
пешина
аз 142
навбатӣ