Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар сохтори худ метавонад намудҳои мухталифи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро ташкил намояд.
Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ вобаста ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва кадрӣ барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ карда мешаванд.
Таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандон баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти миёнаи касбиро доранд.
Таҳсилоти миёнаи касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) амалӣ карда мешавад.
Баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ба шаҳрвандон дар асоси озмун ё тариқи гузаронидани суҳбат барои идомаи таҳсил танҳо ба муассисаҳои таълимии соҳаи омӯзгорӣ, тиббӣ ва фарҳангии таҳсилоти миёнаи касбӣ иҷозат дода мешавад.
ТАШКИЛИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.
Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, имконияти идомаи таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи ихтисос пайдо менамоянд.
Таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ қабул карда мешаванд.
Таҳсилоти олии касбӣ дар донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ба онҳо баробаркардашуда амалӣ карда мешавад.
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ давлатӣ ва ғайридавлатӣ, байналмилалӣ ва муштарак мешаванд.
Таҳсилоти иловагӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шахс, ҷамъият ва давлат дар асоси барномаҳои иловагии таълимӣ ва хизматрасонии иловагии таълимӣ татбиқ карда мешавад.
Таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои интихоби ихтиёрии намуди муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилот, майлу хоҳиши таълимгиранда асос ёфта, бе маҳдудият барои тамоми шахсон пешниҳод мегардад.
Таҳсилоти махсус ҳамчун қисми таркибии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ва офияти тиббию иҷтимоии кӯдаконеро таъмин менамояд, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок аст.
Барои кӯдаконе, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии солимгардонии санаторӣ, мактаб-интернатҳои санаторӣ, хонаҳои санатории кӯдакона ташкил карда мешаванд.
Таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсуси давлатӣ ройгон аст.
Тибқи моддаи 11‑и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муассисаи таълимӣ бо тартиботи зерин таъсис, аз нав ташкил ва барҳам ё фаъолияташ қатъ карда мешавад:

  1. Муассисаи таълимӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
пешина
аз 142
навбатӣ