Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Сохторҳои дигари низоми маориф кадом вазифаҳоро иҷро менамоянд?
    Хусусиятҳои мактаби ибтидоиро тавзеҳ диҳед.
    1.12. Муассисаҳои таълимӣ, сохтор ва намудҳои он Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Шакл ва намудҳои муассисаҳои таълимиро фарқ карда метавонад ва вазифаҳои онҳоро медонанд.
    • Мавқеи мактаби ибтидоиро дар низоми маориф муайян карда метавонанд.
    Нақша:
    • Намудҳои муассисаҳои таълимӣ.
    • Мақсади муассисаҳои таълимӣ.
    • Ташкили муассисаҳои таълимӣ.
    НАМУДҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
    Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ фаъолият менамоянд.
    Мақоми муассисаи таълимӣ ва сохтори он аз тарафи муассис (муассисон) муайян гардида, дар оинномаи муассиса тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос мегардад.
    Низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
    Тасдиқ кардан ё тағйир додани мақоми муассисаи таълимӣ дар асоси хулосаи аттестатсияи давлатӣ амалӣ мегардад.
    Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд:
    – томактабӣ;
    – таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ);
    – таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
    – таҳсилоти миёнаи касбӣ;
    – таҳсилоти олии касбӣ;
    – таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
    – таҳсилоти иловагӣ;
    – таҳсилоти махсус;
    – муассисаҳои таълимии дигаре, ки раванди таълиму тарбияро амалӣ мегардонанд.
    Намудҳои дигари муассисаҳои таълимӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
    МАҚСАДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
    Таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инкишофи қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ ва ёрии амалӣ ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ба роҳ монда мешавад.
    Таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти умумӣ дар бораи табиат, ҷамъият ва арзишҳои таърихию фарҳангии милливу умумибашарӣ ташкил карда мешавад.
    Таҳсилоти умумӣ тавассути муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, мактабҳои (синфҳои) камнуфуз ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар се зина: ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад.
    Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ, фарогир, оилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалигардонии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.
    Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими умумии асосӣ (9‑сола) ҳатмист.
    Қабули хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияту завқи онҳо сурат мегирад.
    Таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо аттестатсияи хатм ба анҷом мерасад.
    Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омӯхтани касбҳои коргарӣ ташкил карда мешавад.
    Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар литсейҳои касбӣ-техникӣ ва соҳавӣ, марказҳои таълимии калонсолон ва дигар муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
пешина
аз 142
навбатӣ