Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Чунин огоҳӣ чандирии касбии омӯзгорро дар интихоби технологияҳои педагогӣ, усулҳое муайян мекунад, ки барои бомуваффақият амалӣ намудани ҳадафи асосӣ — фароҳам овардани шароит барои инкишофи мусбати шахсияти хонандагони хурдсол имкон медиҳанд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. 2) 3) Мафҳуми «салоҳият» ва «салоҳиятнокӣ»-ро шарҳ диҳед.
    Чӣ омӯзгорро водор менамояд, ки босалоҳият шавад?
    Кадом олимон доир ба салоҳияти омӯзгори касбӣ ибрози ақида намудаанд, баён намоед.
    1.8. Салоҳиятҳои касбӣ чузъи таркибии маҳорати касбии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Салоҳиятҳои омӯзгори синфҳои ибтидоиро ба қисматҳо ҷудо карда, шарҳ медиҳанд.
    • Салоҳияти касбии омӯзгори синфҳои ибтидоиро медонанд.
    Нақша:
    • Қисматҳои салоҳияти омӯзгор
    • Салоҳияти касбии омӯзгор инъикосгари хусусиятҳои хонандагони синфҳои ибтидоӣ
    ҚИСМАТҲОИ САЛОҲИЯТИ ОМӮЗГОР
    Салоҳиятҳои асосии касбии омӯзгори муосири синфҳои ибтидоиро метавон ба чунин қисматҳо ҷудо кард:
    – фаъолияти мустақилонаи хонандагонро ба нақша гирифта тавонад;
    – қобилияти ҳавасманд кардани хонандагон, аз ҷумла онҳоро ба фаъолиятҳои гуногун, ки имкон медиҳад, ки салоҳиятҳои заруриро инкишоф диҳад;
    – бо истифода аз шаклҳои гуногуни ташкили фаъолият ва ҷалби хонандагони гуногун ба намудҳои гуногуни кор бо назардошти майл ва хусусиятҳои фардии онҳо раванди таълимро ташкил карда тавонад;
    – тафаккури лоиҳавии худ ва қобилияти ташкили фаъолияти лоиҳавии гурӯҳии хонандагонро ташаккул диҳад;
    – аз системаи баҳодиҳӣ истифода барад, ки ба хонанда имкон медиҳад, ки дастовардҳои худро дуруст арзёбӣ кунад ва ба онҳо баҳо диҳад;
    – ҳамгироии фаъолияти назариявию амалии хонандагонро ташкил карда тавонад.
    САЛОҲИЯТИ КАСБИИ ОМӮЗГОР ИНЪИКОСГАРИ ХУСУСИЯТИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ
    Салоҳиятҳои касбии омӯзгор, ки хусусияти кори мактаби ибтидоиро инъикос мекунанд.
    Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бояд:
  2. Хусусиятҳои иҷтимоии фаъолияти бозӣ ва гузариш ба фаъолияти таълим ҳамчун фаъолияти пешбарандаи хонандагони синфҳои ибтидоиро ба назар гиирифта, мавқеи иҷтимоии хонандаро мақсаднок ташаккул дода тавонад.
  3. Ташаккули қобилияти омӯзишӣ (фаъолиятҳои омӯзишӣ) ба сатҳи зарурӣ барои таҳсил дар мактаби асосӣ таъмин карда шавад.
  4. Ба вазъияти иҷтимоии инкишофи хонандаи хурдсол ба муошират дар шароити зиёд шудани боварии хонандагон ба омӯзгор мувофиқ рафтор намояд.
  5. Ба муроҷиатҳои бевоситаи хонандагон посух дода тавонад, дар паси онҳо мушкилоти ҷиддии шахсиро дарк карда тавонад.
    1. Барои натиҷаҳои шахсии таълимии хонандагон масъулиятро ба дӯш гирад.
      Дар вакти баҳо додан ба муваффақият ва қобилияти хонандагон нобаробар будани инкишофи фардӣ-психикии хонандагони хурдсол, инчунин хусусияти динамикии инкишофи фаъолияти таълимии писарону духтаронро ба назар гирад.
      Хамин тариқ, салоҳияти касбии омӯзгор дар фаъолияти педагогӣ, муошират, одобу ахлоқ ва шахсияти ӯ зоҳир мегардад. Фарҳанги касбии омӯзгор зуҳури қобилиятҳо ва маҳоратҳои амалие мебошад, ки дар маънавиёт, ахлоқ (этика), муносибатҳо, фаъолияти эҷодӣ, худтарбиякунӣ ифода меёбад.
      Маҳорати касбии омӯзгор маҷмуи хосиятҳои шахс, самтнокӣ, донишҳои касбӣ, технологияи педагогӣ, қобилиятҳои педагогӣ, суботу пешбинии хушбинонаи омӯзгор мебошад, ки ӯ дар фаъолияти амалии худ моҳирона истифода мебарад.
пешина
аз 142
навбатӣ