МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
МаорифТаҳсилот
Аз аввал хонданСалоҳияти омӯзгор ҷузъи таркибии сифатҳои касбӣ буда, асосҳои он дар мактаб ба вуҷуд оварда мешавад, дар донишгоҳ ташаккул меёбад, дар ҷараёни фаъолияти амалӣ такмил меёбад.
Салоҳият дар натиҷаи омӯхтан, донистани унсурҳои муҳими ҷараёни педагогӣ, фаъолияти мунтазам, таҷрибаи амалӣ арзи вуҷуд мекунад, аз як зина ба зинаи дигар, яъне ба салоҳиятнокӣ мегузарад.
Технологияи педагогию маънавияти волою фарҳанги олимон салоҳиятнокии омӯзгорро рушд медиҳанд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
- Омӯзгор бо назардошти хусусиятҳои хонандагони синфҳои ибтидоӣ кадом салоҳиятҳоро дар худ ташаккул диҳад?
-
- Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ кадом салоҳиятҳои касбиро бояд доро бошад?
Салоҳиятҳои омӯзгорро дар нақша ифода намоед.
1.9. Арзёбии фаъолияти касбии омӯзгор дар системаи таҳсилоти ибтидоӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Мавқеъҳои баҳодиҳии фаъолияти касбии омӯзгорро дар системаи таҳсилоти ибтидоӣ медонанд ва маънидод мекунанд.
• Меъёри арзёбии салоҳиятнокии омӯзгори синфҳои ибтидоиро медонанд ва истифода карда метавонанд.
• Роҳҳои ташаккул додани фарҳанги педагогиро медонанд ва дар худ татбиқ менамоянд.
Нақша:
• Мавқеъ ва самтҳои баҳодиҳии фаъолияти касбии омӯзгор
• Меъёр ва нишондиҳандаҳои салоҳияти касбии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
МАВҚЕЪ ВА САМТҲОИ БА ҲОДИҲИИ ФАЪОЛИЯТИ КАСБИИ ОМӮЗГОР
Баҳодиҳии фаъолияти касбии омӯзгор дар системаи таҳсилоти ибтидоӣ метавонад аз мавқеъҳои гуногун сурат гирад. Муҳимтарини онҳо:
– талабот ба шахсияти омӯзгор ҳамчун мутахассиси муосири соҳаи маориф;
– талаботи мушаххас нисбати омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳамчун тарбиятгари хонандагони хурдсол;
– талабот ба системаи маданияти педагогии омӯзгор Аз рӯи самти аввал ду ҷузъ ҷудо карда мешавад — салоҳият ва бунёдкорӣ.
Салоҳият ба дониши амиқи касбӣ ва дониши умумӣ дахл дорад. Бунёдкорӣ дониши амиқ доир ба асосҳои илмии фаъолияти педагогӣ мебошад.
Самти дуюм, ки ба мактаби ибтидоӣ хос буда, иборат аст аз:
– дарки мақоми тахсилоти ибтидоӣ дар системаи таълими муттасил (на хамчун «мактаби саводнокй», балки ҳамчун мархилаи аввали системаи фаъолияти пайвастаи тарбиявие, ки шахсро дар тамоми ҳаёт бошуурона ҳамроҳӣ мекунад);
– донистани хусусиятҳои синнусолии хонандагони синфҳои ибтидоӣ (аниқии тасаввуроти тафаккури бачагон; ноустувории диққат, серҳаракатӣ, ҳассосӣ ва ғайра);
– дарки аҳамияти кор бо оила ва малакаи пешбурди он бо ҳамкории падару модарон Самти сеюм — низоми фарҳанги педагогии омӯзгор аз панҷ ҷузъ иборат аст:
- Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ кадом салоҳиятҳои касбиро бояд доро бошад?
- Ҷузъи даркӣ — қобилияти дарки ҳолати эмотсионалӣ ва ангезаи рафтори хонандаи хурдсол 2) Ҷузъи коммуникативӣ — наздик будан ба муошират ва ҳамкорӣ бо хонандагон дар дарс ва корҳои беруназсинфӣ 3) Ҷузъи созанда — ташкили фаъолияти хонандагон 4) Ҷузъи инноватсионӣ — зарурати навоварӣ, таҷдиди таҷрибаи касбӣ, ҷустуҷӯи педагогӣ 5) Ҷузъи рефлексивӣ — дарк намудани фаъолияти педагогии шахс ҳамчун соҳаи асосии худмуайянкунии шахсият, худбаҳодиҳии такмили ихтисоси шахс Салоҳияти касбии омӯзгор маҷмуи сифатҳои шахсии аз ҷиҳати касбӣ муҳим мебошад, ки омӯзгор ҳам дар раванди таҳсилоти умумӣ ва махсус ва ҳам дар асоси таҷрибаи амалӣ ба даст овардааст, ки сатҳи баланди фаъолияти касбии педагогиро таъмин менамояд. Дараҷаи баланди фаъолияти касбии педагогиро самаранокии он, ки ба сатҳи илми муосир ва талаботи имрӯза мувофиқ аст, ифода мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё