Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Нишонаҳои ирсие, ки одам бо онҳо ба дунё меояд, ҳамчун яке аз шартҳои ташаккули шахс ҳисоб мешаванд. Ин нишонаҳои ирсӣ дар зери таъсири муҳити иҷтимоӣ ва тадриҷан ба қобилият ва хусусияти шахс табдил меёбанд. В. Г. Белинский дар вақташ таъкид намуда буд, ки «инсонро табиат меофарад, аммо ҷамъият инкишоф ва тарбия медиҳад. Ҳеҷ як шароити зиндагӣ одамро аз таъсири ҷамъият халос ва эмин намедорад, вай аз он дар ҳеҷ куҷо пинҳон шуда ва ба ҳеҷ куҷо рафта наметавонад». Хусусиятҳои табиӣ, биологӣ танҳо заминаи пешакии шароити ташаккул ва инкишофи шахсият мебошад. Шахсият хислатҳои ҳақиқии инсонии дар ҷараёни фаъолият ва муомила бо одамон, аз бар намудани таҷрибаи ҷамъиятӣ, дар ҷараёни тарбия ҳосил менамояд. Дар ин ҷараён тарбиягиранда бо хислатҳои махсуси фардӣ, шавқу ҳавас ва майлу рағбаташ ҷои марказиро ишғол мекунад. Ирсият дар ташаккули намудҳои хоси қобилиятнокӣ, масалан, дар соҳаи санъат мақоми муайян мебозад. Аммо инкишофи нишонаҳо, ташаккули қобилияту истеъдодҳо ҳамчун дараҷаи баланди қобилиятнокӣ дар ин ё он намуди фаъолият ба тарбия, ба бедор карда шудани шавқу ҳаваси ҳақиқии шахсият ба кори худ вобастааст.
Дар зери мафҳуми муҳит маҷмуи таъсирот, ҳодисоти берунаи ба одам таъсиррасонанда фаҳмида мешавад. Дар бораи муҳити табиӣ, ё ки ҷуғрофӣ иҷтимоӣ ва хонагӣ гуфтан мумкин аст. Ҳар кадоме инҳо ба одам таъсироти ба худ хос доранд.
Муҳити геогроафӣ, иқлим ба тарзи ҳаёти одам, ба хислати фаъолияти меҳнатии ӯ таъсир мерасонад.
Муҳити иҷтимоӣ назар ба муҳити географӣ ба ташаккули шахсият таъсироти зиёд дорад. Махсусан муҳити ҷамъиятие, ки бача дар он зиндагӣ мекунад. Муҳит инчунин гирду атрофи бевоситаи кӯдак, аҳли оила, ҳамсинфон, шароити ҳаёти ӯ хона, ҷиҳози он мебошад.
Муносибат бо одамони гирду атрофи бачагон шарти муҳими инкишоф мебошад. Равоншиноси машҳур Л. С. Виготский (1896–1934) исбот карда буд, ки кӯдак аз вақти таваллудаш мавҷудоти иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ мебошад. Барои инкишоф, хусусан муносибат бо одамони калонсол аҳамияти калон дорад. Вай аз онҳо дониш ва таҷрибаи барои ҳаёт заруриро меомӯзад.
Муҳити бевоситаи бачагон ба ӯ на танҳо таъсири мусбат, балки таъсири манфӣ ҳам расонда метавонад. Бинобар ин ба тарбиятгар нағз донистани хислати одамони гуногун ба инкишофи онҳо муҳим аст.
Раванди инкишоф — ин дигаргунии миқдорӣ ва сифати ҷисмии инсон аст.
Натиҷаи инкишоф ин ташаккули одам ҳамчун намуди мавҷудоти биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад, инкишофи ҷисмонии одам ба хусусиятҳои биологӣ вобаста буда.
Дар худ тағйироти морфологӣ (сохти ҷисм), биокимиёӣ, физиологӣ мегирад. Аммо инкишофи иҷтимоӣ ба рушди психологӣ, руҳӣ ва ақлонӣ хос аст.
Агар одам ба дараҷаи рушди иҷтимоӣ расад. Он шахсияти дорандаи ҳуш ва худогоҳ, қобил фаъолияти мустақилона дигаргунсозанда меноманд. Одам ҳамчун шахсият таваллуд намеёбад, балки дар ҷараёни инкишоф ба он молик мегардад.
Мафҳуми «шахсият» аз «одам» бо хусусияти сифатҳои иҷтимоии худ фарқ мекунад, зеро ӯ бо таъсири муносибатҳои ҷамъиятӣ робита бо одамон ташаккул меёбад. Одам ҳамчун шахсият дар системаи иҷтимоӣ бо роҳи мақсадгузорӣ ва тарбияи андешида шуда ташаккул меёбад. Шахсият бо андозаи аз худ кардани таҷрибаҳои иҷтимоӣ, аз як тараф ва андозаи бо алоқадри ҳол ҳиссаи боздиҳӣ ба ҷомеа, ба хазинаи моддӣ ва арзандагии маънавӣ гузоштан, аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Барои шахсият шудан, одам бояд дар фаъолияти амалии худ зоҳир гардад, хусусиятҳои ботинии табиат, шакли ҳаётӣ ва тарбиявиаашро ифшо диҳад.

пешина
аз 142
навбатӣ