Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ЗЕВАР

Омада буд ин баҳор
Аз тарафи Қандаҳор
Ҳамраҳи бобои худ,
Ҳамраҳи момои худ,
Духтари уштурсавор,
Уштуракаш пур зи бор.
Куртаи ӯ махмалин,
Махмали сурхи маҳин,
Даври гули доманаш,
Домани пироҳанаш
Тангаи рангин қатор,
Ҳалқаи симин қатор.
Занҷираи гарданаш
Зеб диҳад бар танаш.
Пӯпаки мӯяш базеб,
Холаки рӯяш базеб.
Ҳалқаи заррини ӯ,
Домани чин-чини ӯ
Ҳусни варо мефузуд,
Чашми маро мерабуд.
Рафтаму бе ҳеҷ ибо
Зуд шудам ошно:
Номи ӯ Зевар будаст,
Духтари заргар будаст.

пешина
аз 80
навбатӣ