Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

КӯдаконАдабиётШеър
Аз аввал хондан

РӮЗНОМА

Рӯзномаашро
Карда тамошо,
Тira мегардид
Табъи Зулайхо.
Аз баҳои «панҷ»
Надорад нишон,
Аммо чу мӯрча
«Ду»-ҳо фаровон.
Пагоҳ аз сафар,
Меояд падар,
Албатта, аз ин
Меёбад хабар.
Баҳона бисёр,
Гиряаш тайёр,
Ҷӯяд халосӣ
Аз «ду»-и қатор.
Фикри аҷибе
Омадаш ба сар,
Бишкуфта аз шавқ
Чун лолаи тар.
Ӯ варақҳои
«Ду»-дора, даронд,
Рӯзнома чӣ шуд?
Муқовааш монд!

пешина
аз 80
навбатӣ