Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданҒАМХОРӢ
- Во поям, во поям,
Нолиш кунад бобоям.
Момо гӯяд: - Во, ҷонам,
Хам нагардад миёнам.
Аз нолиши бобоям,
Аз нолиши момоям,
Зиқ шудаму хобидам,
Мисли онҳо нолидам.
Ҷаст аз ҷояш бобоям,
Сӯям омад момоям.
Гуфтанд: - Ҷон фидоят,
Дард мекунад куҷоят?
Ба мо занад балоят,
Ҳозир ёбем давоят.
Зуд овард аз бароям
Ҷою асал бобоям.
Момоҷонам дав-давон
Овард шири ҷӯшон.
Хеста тоқӣ пӯшидам,
Асалҷойро нӯшидам.
Табассум бобоям кард,
Табассум момоям кард.
Гирифтандам ба оғӯш,
Дардашон шуд фаромӯш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё