Зеҳн
Се афсона

Маҷмӯаи се афсонаи халқи тоҷик буда, барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Онҳо хонандагонро ба некӣ, саховат ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 19 саҳифа

КӯдаконАфсона
Аз аввал хондан

— Не, — мегӯяд дарвоза, — ту маро ифлосу хароб кардӣ, ӯ маро тозаю обод кард.

Дев мебинад, ки ӯро дастгир намекунанд, хеста аз қафои духтар медавад. Вай бо тамоми қувваташ давида, ба духтар наздик шуда, дасташро дароз карда, аз думи аспи ӯ доштанӣ мешавад, ки духтар оинаи кампир додаро гирифта, ба қафояш мепартояд. Оина якбора мавҷ зада, ба дарёи бе сару бари шӯҳе мубаддал мешавад.

Деви бузург ғусса хӯрда, худро ба дарё мепартояд. Вай бо машаққати зиёд аз дарё мегузараду давида, ба духтар наздик шудан мегирад. Ба духтар наздик шуда, дасташро дароз карда, аз думи аспи ӯ дошта гирифтанӣ мешавад, ки духтар қайроқро мепартояд.

Қайроқ гулдуррос зада, ба кӯҳи калону баланд табдил меёбад.

Дев дар қафои кӯҳ мемонад. Духтар бо суръат асп давонда гурехта меравад.

Дев, як вақте аз ин кӯҳ ҳам гузашта, боз ба духтар наздик шудан мегирад. Ба духтар наздик шуда, дасташро дароз карда, аз думи аспи ӯ дошта гирифтанӣ мешавад, ки духтар ин дафъа шонаро ба қафояш мепартояд. Аз шона, шақарроскунон, як ҷангали беканор ба вуҷуд меояд.

пешина
аз 19
навбатӣ