Се афсона

Маҷмӯаи се афсонаи халқи тоҷик буда, барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Онҳо хонандагонро ба некӣ, саховат ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 19 саҳифа
Кампир дар бораи ҷойи мерафтагии духтар чунон гапҳои даҳшатнок мегӯяд, ки ин духтар ҳам ба ваҳм афтода, аз роҳ гашта, ба хонаашон меояд ва ҳамаи воқеаи аз сар гузаронидагиашро ба падару хоҳаронаш нақл карда медиҳад.
Пирамард оҳи сард аз дили пурдард кашида мегӯяд:
— Вой бар ҳоли касе, ки бе писар бошад!
Ин гапҳои падар ба духтари хурдиаш хеле сахт мерасад. Рӯзи дигар вай ба назди пирамард меояду иҷозат пурсида:
— Падарҷон, розӣ шавед, ман рафта ҳамон доруро ёфта мебиёрам! — мегӯяд.
— Духтараки азизам, — мегӯяд падараш, — ман аз апаҳои калониат чӣ дидам, ки аз ту бинам, ту ҳам рафта гашта меоию беҳуда овора шуданат мемонад.
Духтари хурдӣ бисёр-бисёр зорию илтимос мекунад ва дар охир падараш розӣ мешавад. Духтар даррав либосҳои мардона пӯшида, як хӯрчини калонро аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё