Зеҳн
Се афсона

Маҷмӯаи се афсонаи халқи тоҷик буда, барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Онҳо хонандагонро ба некӣ, саховат ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 19 саҳифа

КӯдаконАфсона
Аз аввал хондан

Равам ва албатта ҳамон доруро гирифта мебиёрам, — илтимос мекунад аз падараш.

— Аз апаи калоният чӣ дидам, ки — мегӯяд падараш, — аз ту бинам, биёмон, нарав, беҳуда нобуд мешавӣ!

Аммо ин духтар ҳам сахт ба гуфтомаш истода, гаштаю баргашта иҷозат пурсидан мегирад. Вай дар охир падарашро розӣ мекунаду як аспро гирифта, зин зада, либосҳои мардона пӯшида, кокулҳояшро ба таги телпак ғун карда, ба роҳ мебарояд. Аммо рафта-рафта, баъд аз чанд рӯз ин духтар ҳам ба ҳамон хонаи чӯбини сари чорроҳа мерасад. Дар назди хона аспашро ба шохи дарахте баста, дарро тақ-тақ мезанад.
Кампир аз дарун:

— Кист? Ман бемор ҳастам, аз ҷоям хеста наметавонам, худат даромадан гир,
— гуфта овоз медиҳад.

Духтар дарро кушода медарояд, салом медиҳад, ба як тарафи хона нишаста, азҳоволпурсӣ мекунад.

— Эй писарам, напурс, — мегӯяд кампир, — ман хеле вақт боз бемор шуда, дар болои ҳамин бистар хобидаам, каси нигоҳубин мекардагӣ надорам.

Духтар даррав ба хӯрчинаш даст андохта, аз тӯшаи барои сафар тайёркардагиаш ба кампир медиҳад, кампир қадре ҳол гирифта, аз куҷо будан ва барои чӣ омадани ӯро пурсида мегираду баъд мегӯяд:

— Эй писарам, аз ин ният гард, ба мақсад расиданат беҳад душвор аст, беҳуда нобуд мешавӣ.

пешина
аз 19
навбатӣ