БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
3.Бозичаҳои техникӣ:
Бозичаҳои техникӣ кӯдакро ба олами техникаи рушдиҳанда ва рушдёбанда ворид намуда, ба намудҳои гуногуни он шинос менамояд: намудҳои нақлиёт, васоити алоқа, экскаватор, техникаи маишии рӯзгор ва ғайраҳоро дарбар мегирад.
- Бозичаҳои сохтмонӣ ва тарҳсозӣ (конструкторҳо):
Ин гуна бозиҳо ба фаъолияти созандагӣ ва рушди қобилияти ихтироъкорӣ ва бунёдкории кӯдакон равона карда шудаанд.
- Бозичаҳои варзишӣ:
Дар машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, варзиши пагоҳирӯзӣ, бозиҳои серҳаракат истифода бурда мешаванд. Ба ин намуди бозичаҳо дохил мешаванд: тӯб, ҳалқа, ресмонҳо барои паридан, халтачаи рег барои партофтан ва ғайраҳо.
6. Бозичаҳои мусиқӣ:
Барои инкишоф додани идроки шунавоҷ ва хотираи мусиқӣ, таъмин намудани тарбияи мусиқӣ – эстетикаи кӯдакон равона карда шудаанд. Ба ин намуди бозичаҳо дохил мешаванд: ҳар гуна бозичаҳои садодиҳанда, дойра, таблак, хуштакчаҳо ва ғайра.
- Бозичаҳои саҳнавикардашуда:
Дар шакли лӯхтакҳо барои бозиҳои саҳнавикардашуда, либосҳо, ниқобҳо, театри лӯхтак, театри кӯдакона, расми манзараҳо ва ғайраҳо тайёр карда мешаванд. Бозичаҳои саҳнавикардашударо вобаста ба мақсад ва мазмуни чорабиниҳои идона, дилхушиҳо, фаъолияти мустақилонаи кӯдакон истифода бурдан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё