БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Лекин бозиҳои дидактикӣ дар фарқият аз машқҳои дидактикӣ, муносибатҳои байни кӯдакон тарбия ва фаъолияти онҳоро нисбат ба бозӣ бедор мекунанд.
Ҳам дар машқ, ҳам дар бозӣ вазифа, қоида ва натиҷаи бозӣ заруранд, вале бозии дидактикӣ ба ғайр аз ин тавсиф меёбад бо фаъолияте, ки бозӣ мекунанд.
Дар машқ бошад, гап дар бораи он меравад, ки кӯдакон масъалаҳоеро, ки аз тарафи мураббӣ монда шудааст, иҷро мекунанд. Мисол, барои фарқи бозии дидактикӣ аз машқи дидактиқӣ: барои фаҳмиши тавоноии кӯдакон дар ёд гирифтан ва номбар кардани либосҳои лӯхтак, мураббӣ лӯхтакро чун маводи аёнӣ истифода бурда ба кӯдакон қисме аз либоси ӯро нишон дода мепурсад? – Ин чӣ? Рангаш чӣ гуна аст?
ва ғайра. Кӯдакон ба саволҳои мураббӣ ҷавоб медиҳанд. Дар ин ҳолат мураббӣ аз машқи дидактикӣ истифода мебарад.
Дар ҳолати бозӣ муносибат байни мураббӣ ва кӯдакон дигар хел мешавад. Шароитҳое, ки мураббӣ ташкил кард ин фаъолиятро чун бозӣ нишон додан аст. кӯдакон худашон қисмҳои либосҳоро барои лӯхтак интихоб мекунанд, онро мепӯшонанд, ба сайругашт мебароранд, бо ӯ бозӣ мекунанд.
Бозиҳои дидактикӣ чун воситаҳои махсуси омӯзиш, ки ба хусусиятҳои кӯдак ҷавобгӯанд, ба низоми тарбияи томактабӣ дохил мешаванд.
Бозиҳои нахустини дидактикиро педагогикаи мардумӣба миён овардааст. То ҳол кӯдакон бозии “Рангҳо”, “Чӣ мепарад?” ва ғайраро дӯст медоранд ва аз бозии он лаззат мебаранд. Ин бозиҳо аз шӯхию зарофат холӣ нест ва кӯдакон, чуноне ки хотирнишон кардем, бо иштироку саҳмашон дар доирсозии онҳо як ҷаҳони нави маънавӣ мебардоранд.
Тарбияи ақлонӣ дар бозӣ бо тарбияи ахлоқӣ вобаста аст. Ҳалли масъалаи дидактикӣ ҳамеша хизмати машқи иродаро иҷро мекунад.
Иҷро кардани қоидаҳои бозӣ аз кӯдакон пуртоқатӣ, худдорӣ ва интизомро талаб менамояд. Бисёр бозиҳо қоидаи “мамнӯъ” дорад, ки ҳаракату калимаҳои бозингаронро маҳдуд мекунад, ки то садо (сигнал) нашавад, чашмҳоро накушоянд. Иҷрои онҳо ба ширкаткунандагон, софдилӣ ва адолатро меомӯзонад.
Мазмуни бозиҳои дидактикӣ дар ташкил кардани тасаввурот ва мафҳумҳои ахлоқӣ ёрӣ мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё