Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Мураббӣ моҳирона якчанд гул бурида, ба бачаҳо мефаҳмонад, чӣ тавр аз қоғазҳои дуқаткардашуда, гул буридан лозим. Бачаҳо ба кори мураббӣ нигоҳ карда, гул мебуранд ва ба қоғази чоркунҷа бо ширеш мечаспонанд.
Акнун бачаҳо, биёед, корҳои аз ҳама зебо ва бодиққат иҷро шударо аз назар мегузаронем. Зебои соҳибҷамол барои ёриатон ба шумо ташаккур мегӯяд.

Машғулияти дилхушкунандаи таълимӣ

Дар муассисаҳои томактабӣ бозиҳои зиёде ба барномаи таълимӣ ворид шудааст, ки муҳтавои онҳо ба баланд бурдани тасаввуротва тахаюлоти бачаҳо нигаронида шудааст. Тули сол мураббӣҳо аз ин кулвори бозиҳо хеле моҳирона истифода мебаранд ва бештари бозиҳо дар тасаввуроти бачаҳо нақш мебандад. Маҷмӯи бозиҳое, ки ба ҳозирҷавобӣ бахшида шудаанд, метавонанд дар ҷараёни таълим дар ҷои аввал бошанд, зеро ҳозирҷавобӣ дар тасаввури бачаҳо малакаи дарку идрокро тавлид мекунад. Дарку идрок даричаи донишро ба рӯи бачаҳо вомесозад.
Аз рӯйи мушоҳидаҳое, ки мо дорем, мураббӣҳо ба бозиҳои ҳозирҷавобӣ хеле ҳам аҳамият медиҳанд. Ин аз он ҷиҳат аст, ки худи бачаҳо ҳам, бахусус, дар гурӯҳи калонсолон ба бозиҳои ҳозирҷавобӣ бештар рағбат нишон дода, мехоҳанд ҳама чизро донанд.
Дар ин навиштор банда таваҷҷӯҳи ҳамкасбонамро бори дигар ба доир намудани мавзӯи “Бозиҳои шавқовар” ҷалб месозам. Шояд баъзе шохаҳои ин намуди бозӣ ба мураббӣҳо ошно набошад, зеро онҳо “Бозиҳои шавқовар”-ро ба маҷмӯи бозиҳо дохил карда, танҳо ба ҷиҳатҳои таълимии он диққат медиҳанд. Ин хуб аст, вале аз нигоҳи дидактика ҳар бозии кӯдакона бояд ҷиҳатҳои дилхушкунанда ҳам дошта бошад.
Хуб, ҳоло ба доир намудани як “Бозии ҳозирҷавобӣ” диққат медиҳем, ки он, фарз кардем, дар фазои боғча бояд чӣ гуна гузарад ва дар он чанд нафар бачаҳо ширкат варзанд. Ин вобастагӣ дорад ба донишу таҷрибаи худи мураббӣ, ки онро дар кадом фазо мегузаронад.
Ба ҳар ҳол дар кадом замина гузаронидани чунин бозӣ, барои мураббӣ равшан ва маълум бошад.

пешина
аз 108
навбатӣ