БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Маводҳои тақсимшаванда:
варақаҳо, маводҳои геометрӣ, ашё барои ҳисоб, гил ё пластилин, банан, себ, нок ва дигар меваҷот.
Равиши машғулият:
Мураббӣ ба бачаҳо муроҷиат карда мегӯяд: – Ба хонаи фил ҷӯраҳояш ба меҳмонӣ омадаанд, биёед, барои густурдани дастархон ба ӯ ёрӣ мерасонем. Аз гилу пластилини меваҷот месозем. Мураббӣ маводҳоро ба бачаҳо тақсим карда, мефаҳмонад. Бачаҳо ҳар меваеро, ки месозед, аз рӯи ченаки муайян ва бо эҳтиёту зебо созед, то ки фил дар назди рафиқонаш шарманда нашавад.
Акнун бачаҳо ба ин расм нигаред. Канӣ, гӯед дар паси миз киҳо нишастаанд? Фил, гурба, хар ва харгӯш. Кӣ дар курсии аз ҳама калон нишастааст? (Фил) Кӣ дар курсии аз ҳама хурд? (Харгӯш). Аз ҳамаи ҳайвонҳо кӣ калонтар аст? Фил. Акнун бачаҳо, гӯед, ки пиёлаҳо бештаранд ё меҳмонҳо? (Пиёлаҳо).
Мураббӣ ба бачаҳо чӯбчаҳоро тақсим карда, супориш медиҳад:
– Канӣ, бачаҳо ба воситаи чӯбчаҳо аз рӯйи намуна шакли хона, моҳича ва гамбусакро бисозед. Барои сохтани хона чандто чӯбчаро истифода бурдед, барои моҳича чӣ? Барои гамбусак чӣ? Барои сохтани кадом шакл чӯбча бештар лозим шуд? (Барои хона 10 чӯбча) Ҳоло мо бо шумо сурудеро дар бораи себ мехонам, шумо бо ман якҷоя такрор кунед:
Себаки сурхи сероб,
Ширин асту хурданбоб.
Себак хеле хушрӯй аст,
Хушмазаву хушбӯй аст.
Акнун, бачаҳо шумо аз байни ашёи худ ба ман себро нишон диҳед.
Шакли себ чӣ хел аст? (лунда) мазааш чӣ хел аст? (ширин) Ранги себ чӣ хел аст? (сурх). Бачаҳо бо меваҷотҳои сохтаи худ дастархони филро оро диҳед, фил аз шумо миннатпазир аст. Ҳоло бошад, бачаҳо ҷавоби чистонҳоро меёбем:
Беруни вай ягона, Дарунаш дона-дона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё