БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Маводи тақсимшаванда:
Варақаҳо бо тасвири табиати зинда ва ғайризинда, рангҳои обӣ, гуаш, қоғазҳои ранга, варақи коғазӣ ва ғайра.
Равиши машғулият:
Мураббӣ: Бачаҳо, моро ҷангалбон ба меҳмонҷ даъват мекунад. Барои ба меҳмонӣ рафтан мо бояд ягон туҳфае ба ӯ барем. Биёед, якӣоя ҳама он чизеро, ки дар бораи табиат медонем, якӣоя такрор мекунем, сонҷ расми ҷангалро мекашем ва онро ба ҷангалбон туҳфа мекунем.
Хуб, кадоме аз шумо дар ҷангал будед? Кӣ дар лаби баҳр буд? Кӣ дар лаби дарё буд? Дар бораи таасуроти худ нақл кунед. Шумо ба шапалакҳо, парандаҳо, мӯрчаҳо аҳамият додаед? Ҳама он чизҳое, ки мо мебинем ва мушоҳида мекунем ин табиат аст. Акнун фикр кунед, чӣ тавр табиатро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунем? Табиати зинда ва ғайризинда.
Табиати зинда – дарахтон, парандагон ва ҳайвонот.
Ғайризинда – ҳаво, об ва сарватҳои зеризаминӣ.
Биёед, хислатҳои табиати зиндаро номбар мекунем (таваллуд шудан, нафаскашидан, сабзидан, афзоиш ёфтан, хӯрдан, ҳаракат кардан) иншоотҳои табиати зинда: одам, шапалан, гул, гурба ва ғайра.
Ғайризинда: офтоб, ҳаво, сангҳо. Бачаҳо оё хона, миз, курсӣ ва чумчаро иншооти табиат номидан мумкин аст? Не, ин ашёе мебошанд, ки онро аз маводи табиат месозанд. Одамон барои сохтани иншоот ашёро аз куҷо мегиранд? Аз табиати зинда ва ғайризинда. Мисол: аз дарахтон чӯб тайёр мекунанд, аз чӯб бошад: миз, курсӣ, кат. Аз қум:
гил, рег, об ва чӯб хона месозанд. Хулоса, табиат одамро мехӯронад, мепӯшонад ва истиқоматгоҳ медиҳад.
Бозӣ: Ҳоло бошад, бачаҳо, мо бо шумо, дар бораи тобистон шеъре мехонем ва шумо бо ҳаракатҳо мазмуни шеърро ифода намуда, лаҳзаи дамгириро иҷро менамоед:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё