Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Агар онро дошта натавонад, маҷбур аст, ки дастонашро кушода истад.
Дар бозии «Донакрусткунак» бошад, як бача дар дасташ то тавонистанаш донакро руст карда аз ҷӯраҳояш мепурсад: «Чандта, чандта, донакам чандта?»
Ҳар як бача ягон рақамро мегӯяд. Касе чанд дона будани онро муайян кунад, ҳамаи онро мегирад. Касе кам ё зиёд гуфта бошад, фарқашро медиҳад.
Бозии дигар «Боғу боғбон» ном дорад. Мувофиқи ин бози ду нафарро сармир интихоб мекунанд. Даҳ нафари ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд.
Сармирҳо як тарафи сафолпораеро тар мекунанд, Сармири якум мегӯяд:
– Обӣ ё лалмӣ?
Сармири дуввум:
– Лалмӣ, - гуфта сафолпораро баланд мепартояд. Вақте сафолпора ба замин афтод, тарафи хушкаш рӯ шуд. Сардори дуввум навбатдор мешавад.
Бачаҳо дар масофаи даҳ-дувоздаҳ қадам ба муқобили ҳамдигар саф мекашанд ва дасти якдигарро мегиравд. Сармири дуввум ба сармири якум рӯй оварда мегуяд:
– Боғу боғбон!
– Ҷони боғбон! — ҷавоб медиҳад сармири якум.
– Ангурако пухтанд?
– Ниму нимкола!
– Аз мо кӣ равад?
– Латиф! - ҷавоб медиҳад сардори якум.
Латиф дасти шариконашро cap дода ба шаст давида худро ба сафи бачагони тарафи муқобил мезанад, то ки сафи онҳоро рахна кунад, вале кӯшишаш натиҷа намедиҳад. Худаш мувофиқи шарти бозӣ ба тарафи гурӯҳи дигар мегузарад.
Саволу ҷавоби сармирон аз нав шурӯъ мешавад. Акнун сармири якум ба сармири дуввум муроҷиат карда мегӯяд:
– Боғу боғбон!

пешина
аз 108
навбатӣ