БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Бозиро ҳамон қатор мебарад, ки калимаро мувофиқи шарти бозӣ якум навишта, варақчаҳоро манзури муаллим ё аъзои жюри намояд.
13. Эстафетаи калимаҳо. Бо супориши муаллим хонандагони катори якум аз ҷояшон мехезанд ва донишомӯзи якум оид ба исми хос калимаеро мегуяд. Масалан: Тошканд.
БОЗИҲОИ ХАЛҚӢ
БОЗИҲОИ СЕРҲАРАКАТ
Шумоён дар соатҳои фориғ чандин бозиҳоро иҷро мекунед. Гарчанде онҳо сода намоянд ҳам, аммо барои ҳушёр, солим, боақл, ростгӯй, ба дӯстон содиқ, чолок тарбия ёфтани шумо аҳамият доранд.
Ривоят мекунанд, ки дар замонҳои қадим Зебобону ном духтараки зебо се гурӯҳи сангчаҳоро ба панҷ қисм тақсим намуда, бозӣ мекардааст. Зебобону он қадар чусту чолок ва ҷасур будааст, ки ҳатто найзакашӣ, зӯрозмоӣ барин бозиҳоро низ намоиш медодааст. Баъзе бозиҳоро бо шеърҳо иҷро мекардааст. Зебобону хусусан бозиҳои «Холакам», «Меҳмон-меҳмон»-ро дӯст медоштааст. Ҳангоми бози ӯ хушмуомила, чолок буда, дугонаҳояшро низ ба хушмуомилагӣ даъват мекардаасг.
Чунки қаҳрӣ шудан, дашном додан, дод задан хоси бозиҳо нест.
Дар бозиҳои серҳаракат ягон чиз (предмет) ё бозича, (ҳатто сухан, суруд) нақши калон дорад. Онҳо ҳангоми бозӣ роли миёнҷигиро иҷро мекунанд. Масалан, агар дар бозии «Чиллак» чиллакдаста ва чиллак муҳим бошад, дар бозии «Донакрусткунак» донак маводи асоси мебошад. Дар бозии «Меҳмонед шумо?» ду нафар духтарча иштирок мекунанд.
Мувофиқи шарти бозӣ духтараки якум ду кафи худро кушода ба тарафи дутонааш дароз мекунад. Духтараки дуввум бошад:
Чуба-чуба, ана туба, Дар даст лола, ин духтарча.
Кӯча бароед. Ин духтарчая, кокулаш майда.
Дасташ дар миён. Эй дастам-э, вой миёнам-э.
– Шумо хубед? Амон ҳастед? Имрӯз шумо меҳмони мо! - гӯён чолокона ба кафи дугонааш бо ду кафи худ мезанаду мегурезад. Агар дар ин вақт дугонааш дастони ӯро дошта тавонад, ё аз пасаш давида то марра ба вай расида гирад, навбати сурудгӯиро мегирад ва бозӣ боз давом мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё