БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Синфи 1-2: ҳарфҳо О, ш, н, х, и, а, л Калима месозанд: ош, хон, шона, лона, хона, хола, шин, нола, хон, хониш.
Синфи 3-аз ҳамин ҳарфҳо исмҳо тартиб додан: хола, хона, шох.
Синфи 4-аз ҳамин ҳарфҳо ҷумла тартиб додан.
-
Бозии «Ҷамъовар»
Дар ин бозӣ 2-3 гурӯҳ иштирок карданаш мумкин. Аз ҳарфҳо сохтани ҳиҷоҳо:
Синфи 1: Н нон, О олу, М ман, А ана...
Синфи 2: Н,О,М,А но, ма, мо, на, он, ном...
Синфи 3: Х,О,Н,И,Ш хон, шин, шох... -
Бозии «Эстафетаи ҳарфҳо»
Бозӣ аз аввал ё охири қаторҳо оғоз ёфта, муаллим калимаро барои ҳамаи қаторҳо ё мувофиқи қаторҳо дар алоҳидагӣ эълон менамояд.
Масалан: найшакар, кайҳонавард.
Донишомӯзи дар қафо буда, ба рӯи варақча дар ҷои таъиншуда ҳарфи аввалро хушрӯ, мувофиқи каллиграфия (хусни хат, хушнависӣ) навишта, варақчаро ба донишомӯзи минбъда дароз мекунанд. Донишомӯзи дуввум бо тезӣ варақчаро гирифта, ҳарфи дуввумро навишта, ба донишомӯзи дигар дароз мекунанд. Бозӣ дар ҳамаи қаторҳо ҳамин тарз давом мекунад. Бозиро ҳамон қатор мебарад, ки калимаро мувофиқи шарти бозӣ якум навишта, варақчаҳоро манзури муаллим ё аъзои жюри намояд. -
Эстафетаи калимаҳо.
Бо супориши муаллим хонандагони қатори якум аз ҷояшон мехезанд ва донишомӯзи якум оид ба исми хос калимаеро мегӯяд.
Масалан: Тошканд.
Донишомӯзи дигар калимаро мегӯяд, ки бо ҳарфи охирини он сар шавад. Ҳамин тариқ, бозӣ то охири қаторҳо давом мекунад.
(Тошканд, Душанбе, Ереван, Норак, Конибодом). Вақте, ки қаторҳо вазифаро иҷро мекунанд, дарҳол менишинанд, қатори дигар ба кор шурӯъ мекунанд. Агар ҳангоми бозӣ талаба то шуморидани рақами 3 (1.2.3) калимае гуфта натавонад, ӯ аз бозӣ мебарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё