Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан
  1. Бозии «Занҷири калима»
    Дар ин бозӣ ҳам 2-3 гурӯҳ бозӣ мекунанд. Бозӣ бояд чунин гузарад: хонандагон худашон калима мегӯянд. Ба калимаҳои гуфтаашон бояд калимаи ҳаммаъно ва ҳарфашон ба миқдори баробар бошад.
    Парта,-халта,-тахта,-пахта,-лола,-хола,-хона,-шона,-нома Бозӣ боз ҳам шавқовар мешавад, агар калимаи баръакс ёбанд. Бояд ҳарфашон ҳам баробар бошад.
    Шаб-рӯз, дароз-кӯтоҳ, пур-кам, хуб-бад.
    Он гурӯҳ ғолиб мешавад, ки ҳар чӣ бештар калима фикр кунад.

  2. Бозии «Доно»
    Дар ин бозӣ 3 нафар бохтанаш мумкин. Бояд муаллим як ҳарфро нишон диҳад, бозигарон зуд ба он калима ёбанд.
    Синфи 1, бо ҳарфи “Ш” калима гӯед: Шох, Шавкат, Шона Синфи 2, бо ҳарфи “Ш” номи духтарон гӯед: Шаҳло, Шоҳиста, Шаҳодат Синфи 3, бо ҳарфи “Ш” хабар гӯед: шикаст, шона кард Синфи 4, бо ҳарфи “Ш”исми ҷамъ гӯед: шохҳо, шаҳрҳо “Доно” он бозигаре, ки зуд калима тартиб медиҳад.

  3. Бозии «Пушту пеш»
    Дар ин бозӣ 2-3-4... хонандагон иштирок карданашон мумкин. Бозӣ чунин мешавад: аввал бозингари 1ум як ҳарф менависад. Бояд дигарон ба пешу қафои он ҳарфҳое илова кунанд, ки калимае ҳосил шавад. Мисол:
    Бозигари 1 ...к... ...д..
    Бозигари 2 ...ак... ..лд..
    Бозигари 3 ...акт... ..лдо.
    Бозигари 1 ...акта... ..лдон Бозигари 2 макта. .улдон Бозигари 3 мактаб гулдон Ғолиб он бозингаре, ки калимаро пурра тартиб медиҳад.

  4. Бозии «Таркиби калима»
    Дар ин бозӣ хонандагонро ба 3 гурӯҳ тақсим кардан мумкин. Бояд хонандагон аз ҳарфҳои бурида калима созанд.

пешина
аз 108
навбатӣ