ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
ҶАВОНӢ
Ҷавонӣ – хушлиқоӣ, зурмандие ба тан бошанд,
Хуш он рӯзе ҷавонҳо посбони ин Ватан бошанд.
Бихонанд дар ҷавонӣ илму суде оваранд бо худ,
Ба худ нафъовару ҳам меҳрубони ҷону тан бошанд.
Хуш аст он одаме андар ҷавонӣ чун ҳунар омӯхт,
Чу шамъе дар ҳаёти хештан худро агар афрухт.
Ҷавонӣ меравад кам-кам, дилатро мефишорад ғам,
Ба айёми ҷавонӣ қувваи инсонӣ мустаҳкам.
Замоне пир гардӣ, мехурӣ афсӯс дар олам,
Фаро гирад дили бекинаатро ғусаву мотам.
Бигӯӣ, ки ҷавон будам, вақташ буд н-омӯхтам,
Сари зону занӣ гӯи дареғо, ки навомӯхтам.
Сазои он касе, ки дар ҷавонӣ гашт беҳуда,
Ягон кори накуеро накард, чизе наозмуда.
Ба пирӣ пои ту хам мезанад, рафтан ҷудо душвор,
Қадат хам мезанад, акнун натони ҳеҷ як кор.
Азизи ман, ғанимат дон даврони ҷавониро,
Бихону ҳам ҳунар омӯз, бикун дур нотавониро.
ПУШАЙМОНӢ
Ҷавонӣ рафту сарсон гаштаӣ, аз он пушаймонӣ,
Нахондӣ илми дунёро кунун имрӯз нодонӣ.
Ҳунар н-омухтӣ, беҳуда гаштӣ чун мағелоне,
Кунун дар пириат хорӣ, ба ҳар ҷо гашта ҳайронӣ.
Ба ёдат мерасад даври ҷавонӣ, мехӯрӣ афсӯс,
Чаро ки кори пешинро дигар имрӯз натвонӣ.
Сазои он касе андар ҷавонӣ сар-сарӣ гардид,
Ба базми булҳавас, монанди зоғе қар-қарӣ гардид.
МАРДОНИ ШУҶОИ ТОҶИКИСТОН
Ин ҷавонони далер аз Тоҷикистони мананд,
Дар набард онҳо таҳамтан сахттар аз оҳананд.
Дар ҳама кори ҷаҳон ҳастанд номуси Ватан,
Шердилҳои диёр аз мулки Хатлони мананд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё