Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Овардӣ рӯ бар маърифат,
Обод мактаб кардаӣ.
Бо илму ирфон пешрав
Роҳи саодат кардаӣ.

Бас нақбҳо бикшода шуд,
Осон гардид рафтуо.
Мардум дуогӯи туанд
Аз даргаҳу бори Худо.

Сад шукр баҳри халқи мо
Як сарвари доно туӣ,
Чун парчами мо сарбаланд
Андар ҳама дунё туӣ.

ПАНДИ ЗИНДАГӢ

Мардумро коҳиш макун,
Коҳилӣ хоҳиш макун.
Вақти талошу заҳмат
Фикри осоиш макун.

Машав чун хори гулшан,
Бо дӯстон машав душман.
Роҳи каҷ асло марав,
Беҳуда ҳар ҳарҷо мадав.

Бо роҳи бад асло марав,
Аз пушти кори бад надав.
Душман ба худ пайдо макун,
Беҳуда ту ғавғо макун.

Роҳи каҷ хатар дорад,
Кори фач хатар дорад.
Хасми худ макун мардум,
Бадраҳӣ зарар дорад.
Шод кун дилафгорон,
Ғамкашону беморон.
Шукри даргаҳи Ҳақ кун
Ҳамчунон дилафгорон.

Сири худ магу бар кас,
Пеши ҳар касу нокас,
В-арна мешавӣ беқадр
Байни мардумон чун хас.

ОБОД РОҒУН МЕШАВАД

НОБ-и калон Роғун шавад,
Ин мулки мо гулгун шавад.
Аз нури Роғун оқибат
Хасми Ватан дилхун шавад.

Фарҳодҳо биштофтанд,
Бин қалби кӯҳ бишкофтанд.
Аз тори нангу ҳамдилӣ
Симтури қисмат бофтанд.

Роғун бувад шаҳри ҷавон,
Вахшоб аз паҳлу равон.
Як рӯз нурафшон шавад
Аз ҳимати номоварон.

Нурофарон нур офаранд,
Бо панҷаи зӯр офаранд.
Аз қалби кӯҳи тирафом
Ҳангомаю шӯр офаранд.

Эй мардуми бонангу ор,
Хубтар шавед машғули кор.
Шаҳди саодат мечашед
Аз азматон дил гашта шод.

пешина
аз 36
навбатӣ