Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Модар инро гуфта, зор-зор мегиряд. Дар гиряи вай духтар ҳам мегиряд ва ин байтро мехонад:

Эй ёр биё ту ҳам ба ман ёрӣ кун,
Манро мебаранд ту гиряю зорӣ кун.
Манро мебаранд ҷои дигар мефурӯшанд,
Ту пул дорӣ ҷонма харидорӣ кун.

Дар ҳамин ҳолат Ҳусейн хоб мебинад, ки ёрашро гурезонидаанду дар роҳ аст. Бедор шуда ҷисму ҷонаш ба ларза медарояд. Пас ин шеърро мехонад:

Вой аз ману вой аз ману вой аз ҷонам,
Ин ҳазрати Азроил шудаст меҳмонам.
Ин марди бузург ҷон зи ман металабад,
Гар ту бошӣ, ҷонма харидорӣ кунӣ.

Ҳусейн худ ба худ мегӯяд, ки шояд дар хонаи Давлатхотун ягон гап шуда бошад, сӯи хонаи онҳо меравад.
Рафта мебинад, ки дар хонаи онҳо ягон кас нест, зиқ мешаваду гирякунон ин шеърро месарояд:

Диле дорам, ки аз гургон натарсад,
Зи банди кундаю зиндон натарсад.
Дили ошиқ мисоли гурги гушна,
Ки гурги гушта аз чӯпон натарсад.

Ҳусайн намедонад, ки онҳо ба куҷо рафтаанд. Гаштагашта намеёбаду пеши падараш ба хонаашон меояд. Падар аз сирри Ҳусайн огоҳ шуда мегӯяд: – Биё, бачам, аз баҳри ӯ гузар. Падари ӯ бой аст. Ба мо ӯ қудо намешавад. Ҳар кас бояд пояшро қади курпааш дароз кунад.
Ҳусейн баъди гапҳои падараш беихтиёр ин шеърро мехонад:

Куртақаламӣ тирезу остинат манам,
Сад ёр бигирӣ, ёри нухсинат манам.

пешина
аз 36
навбатӣ