ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
Сухани Давлатхотун ба Ҳусайн маъқул мешаваду худ ба худ мегӯяд, ки ишқи покро набояд нопок намоем.
Бобои Ҷалол ба фарзандаш баъди хатми мактабаш ҷуфтрониро ёд дода, ӯро ба саҳро равон мекунад. Рӯзе падараш ӯро ба замини Қули Заранг ба ҷуфткунӣ мефиристад.
Ҳусейни мафтуни ишқи ёраш ӯро ба ёд оварда ин шеърро мехонад:
Ин Кули Заранг об надорад, чӣ кунам,
Ду чашми сарам хоб надорад, чӣ кунам.
Давлатхотуне биё ба ман ёрӣ кун,
Туро бинам, говҳоро бонӣ кунам.
Дар ҳамин ҳангом Давлатхотун дар назди Ҳусейн пайдо мешавад. Ҳарду қоҳ-қоҳ механданд. Ҳусейн боз шеъре мехонад:
Худо мегӯям бишканад оҳани кор,
Говҳо ба чаро раванд, ман пешаки ёр.
Ҳамин вақт тифоқо оҳани испор мешиканад. Говҳоро пеш дароварда шӯхикунон сӯи деҳаи зодгоҳашон – Роғ мераванд.
Мардум дар роҳи Қули Заранг онҳоро дида, гап паҳн мекунанд, ки ҳоло тӯй нашуда, ба ҳар роҳи дур якҷо мераванд. Ин хабар ба падари Давлатхотун мерасад.
Падари духтар бо занаш гапҳои носазо гуфта, духтарашро сӯи Кӯлоб мебарад. Давлатхотун дар ёди дилдодааш ин шеърро мехонад:
Имшаб чӣ шаб аст, бин чунин тақдирам,
Ду дасти баста, пой дар занҷирам.
Модар инро мешунаваду зор-зор мегиряд.
Ва модар илтиҷо мекунад, ки бахти духтараш ба дилдодааш Ҳусайн шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё