ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
Аҳсан ба чунин номбардорони Ватан.
Дигаре аз шахсиятҳои машҳуру номдори Кангурт Маҳмадулло Сайдалиев мебошад. Ӯ раиси Ҳукумати ноҳияи Данғара буда дар бисёр корҳои ташкилӣ дасти ҳамдиёронашро мегирад. Падараш шоиру ходими ҷамъиятии Кангурт Қувватов Сайдалӣ бисёр солҳо роҳбари совхози гӯсфандпарварии Кангурт буду дар ободонии диёр саҳм мегузошт.
Ба маврид аст аз шахсиятҳои шинохтаю номдори Кангурт ёдовар шуда чанде аз онҳоро номбар намоем.
Қурбонов Шариф – Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, собиқ раиси колхози Ворошилови деҳаи Чаброғ.
Ҳусайнова Басбӣ – корманди собиқ Ҳукумати ноҳияи Кангурт.
Шарифов Хол – собиқ раиси Ҳукумати ноҳияи Кангурт.
Эмомов Раҷабалӣ – Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳасанов Иноят – собиқ раиси ҷамоати Кангурт.
Шарифов Раҳмат – собиқ мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик.
Сафаров Ғанӣ – собиқ мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик.
Ҳайдаров Умар ва Шарифова Мастура депутатҳои собиқи Совети Олии Тоҷикистон аз округи Кангурт.
Салимов Одина – дорандаи ду ордени Ғалаба, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, падари додситони Генералии Тоҷикистон.
Раҳмоналӣ Салимов – иштирокчии набардҳо барои барқарор кардани ҳокимияти Советӣ дар Кангурт.
Шарифов Зариф – собиқ раиси ноҳияи Кангурт, падари раиси комитети гумруки ҷумҳурӣ генерал – майор Зарифов Гурез.
Салимов Файзулло – собиқ раиси ноҳияи Кангурт, падари вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов.
Исоев Ҳасан – собиқ мудири комитети зироати ноҳияи Кангурт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё