ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
Дар деҳаи Ришқапаяи Гузари Тор оби нушокӣ овард.
Дар истгоҳи автомашинаи деҳаи Наистони Боло хонаи дамгирии мӯйсафедонро бунёд кард. Дар сари роҳи болои бозори Кангурт 10 ҳайкали ғурамаргони ҷанги бародаркушро гузошт ва гирди онҳоро арчазор намуд.
Инчунин бо ҳамроҳии бародараш Ҳоҷӣ Файз боғҳои бисёре дар Дараи Азимбой, Бойпулӣ бунёд намуданд. Бародараш Ҳоҷӣ Файз дар назди деҳи Гузари Тор дар 15 гектар майдон боғи нав бунёд намуд. Бародари дигари Шариф Давлатов Қаҳрамон Давлатов барои ободии диёр бозори Кангуртро ба тартиб овард.
Дар ин ҷо даҳҳо шипангу мағозаҳо ва дуконҳо созонда, бозорро хеле обод намуд.
Дигаре аз номдорони Кангурт иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчии паради ҳарбии Москва ба муносибати 60-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аҷиков Абдулло мебошад. Ин марди наҷиб солҳо мудири фермаи савхози Кангурт буду баъди нафақа баромадан ӯ марқадҳои алломаҳои кангуртӣ Қорӣ Сайфуршаҳрро дар Савда, Хоҷа Ҳофизро дар роҳи Чаброғ рост намуд. Инчунин дар деҳи Оби Ширин гирди мазори Хоҷа Аловиддинро бо панҷараи оҳанин маҳкам намуд, ки ҳоло ин ҷойҳо зиёратгоҳи мардумонанд.
Дигаре аз номбардорони мардуми Кангурт Анвар Қурбонов мебошад. Ин марди наҷиб, ки ҳоло сарвари комбинати ресандагию дӯзандагии Душанбе мебошад, бо ташаббуси шахсиаш аз маблағи шахсии худ Ҳайкали баландқомати шоири машҳури ҳамдиёраш Ҳоҷӣ Ҳусайнро тайёр намуда, дар боғи фароғатии Кангурт гузошт.
Дигар шахсони саховатпешаи кангуртӣ роҳҳоро асфалтпӯш намуда, аз роҳҳои дуру чашмаҳо ба деҳаҳои Кангурт об меоранд.
Бигзор чунин саховатпешаҳо дар диёри овозадори Кангурт зиёд гарданду барои ободии ин диёр саъю талош намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё