Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барҷастарин сифати шеъри Гулрухсор самимият аст».
Ё ин ки «Гулназар шоирест, ки шеърҳояш «дорои оҳанги баланди гражданӣ мебошанд ва аз ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ ва инсондӯстиву некбинӣ нисбат ба ояндаи инсоният саршоранд.
Дар онҳо қаҳрамони лирикӣ хеле фаъол аст ва мавқеи устувори гражданӣ дорад, мавзӯъ тавассути иштироки фаъолонаи ӯ баррасиву матраҳ гардида, мазмуну ғояи шеър ва ҳадафи шоир пайваста бо ҳиссиёту андешаҳои ассотсиативӣ ифода меёбанд».
Муаллиф нишон медиҳад, ки «ишқ дар шеъри Гулрухсор мафҳуми бештар аз ишқ аст. Гулрухсор рӯҳияи ишқи ҳамнаслу ҳамзамононро ифода мекунад, ин рӯҳияи шахсӣ нест ва дар баробари ин ишқ беш аз ишқи шахсист, ватану башарро фаро мегирад».
Мақолаи «Бошад зи ҳунар мартабаву ҳурмати одам» бо вуҷуди ҳачман хеле кӯтоҳ буданаш таассуроти амиқе ҳам аз шахсият ва ҳам аз хусусиятҳои шеъри Муҳаммад Ғоиб медиҳад.
Аз байни шоирони ҷавон Давлат Сафарро интихоб кардани Абдураҳмони Абдуманнон низ беасос нест. Зеро воқеан Давлат Сафар дар шеъри худ дастоварду вежагиҳои як насли нави адибони моро таҷассум сохтааст.
Ва муҳаққиқ ин вижагиҳоро дар истифодаи санъатҳои маъноӣ:
талмеҳ, таҷнис, тазод, истиора, ташбеҳ кӯшиши васеъ кардани домони рубоӣ, бештар ба тасвир рӯ овардани шоири ҷавон, зарофат ва танзи ба худ хос доштани ӯ ва ғайраҳо мебинад.
Дар мақолаи ба Муҳаммадҷон Шакурӣ бахшидашуда ин нукта ҷолиб аст, ки Муҳаммадҷон Шакурӣ, гӯё дар замони нав кору пайкори устод Айниро идома мебахшад. Хидматҳои Шакурӣ дар пажӯҳишу таҳқиқи илмии эҷодиёти устод Айнӣ, бо таҳқиқи хусусиятҳои ғоявию бадеии осори Айнӣ (муаллиф таъкид мекунад) маҳдуд намемонад. Балки дар ин замина чашмандози муҳаққиқ то рафт васеъ шуда, паҳлуҳои гуногуни сабку услуби Айнӣ ва нависандагони дигар, инчунин ҷараёнҳои гуногуни услубиро дар насри муосири тоҷик, муаммоҳои анъана, навоварӣ, диди эстетикӣ ва тафаккури бадеии халқро фаро мегирад.
Баҳогузориҳои Абдураҳмони Абдуманнон ба осори Муҳаммадҷон Шакурӣ олимона, дақиқ ва муҳақиқона илмист. Адабиёти шӯравии тоҷикро ҳамчун маҳсули шароити нави иҷтимоиву таърихӣ ва дар айни замон давоми бевоситаи адабиёти ҳазорсолаи тоҷик бозрасӣ намуда, ба падида ва фактҳои адабиёт, ба ҷараёни адабии муосир таърихан назар афкандан, кӯшиши решаву ҷиҳатҳои миллӣ ва хусусиятҳои байналмилалии адабиёти муосири тоҷикро падид овардан – пайванди ин ҳама сифатҳои муаррих, мунаққид ва назариётчии адабиёт дар симои Муҳаммадҷон Шакурӣ, хусусан аз китоби ӯ – «Паҳлуҳои тадқиқи бадеӣ» (1976) ба таври возеҳ падид меояд».

пешина
аз 202
навбатӣ