Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо худи устод Миршакар чанд намунаи ҷолиб аз навпардозиҳои худ дар шеър дорад, ки яке аз онҳо, масалан, «Рашк» аст ва чунин суратро дорост:

Рашк бинмуда, ман аз холи лабаш пурсидам,
Ки: – бигӯ, эй ҳинду,
Посбони шакарӣ?
Ё ки тороҷгари лаъли лабаш?
Ё ҳар ду?
Холи лаб фахркунон гуфт:
– Хокистари як ошиқи овора ба руйи оташ!

Устод Миршакар адабиёти гузаштаи форсу тоҷикро хуб медонист ва аз беҳтарин намунаҳои он дар эҷоди осори худ баҳраҳо мебардошт. Ӯ ҳамчунин адабиёти халқҳои дигари ҷаҳонро меомӯхт ва бо шоирони тавоно, мисли В.В. Маяковский («Дар ёди Маяковский»), Т.Г Шевченко («Дар назди ҳайкали шоир»), Нозим Ҳикмат («Дӯстам Нозим Ҳикмат»), Бориқ Шафеӣ («Наззораам доим ба пеш»), Сулаймон Рустам («Зиндадил бош»), Мирмуҳсин («Зиндагӣ кун чун уқоб») ва бисёр дигар шоирони халқҳои дуру наздик як навъ мушоираҳои ҷолиб дорад.
Осори Мирсаид Миршакар бо эҷодиёти шифоҳии мардум пайванди хеле қавӣ дорад. Гузашта аз он, ки дар достонҳову шеърҳои ӯ сужаҳо аз ривояту афсонаҳои халқ ба таври фаровон истифода гардидаанд, дар сартопои осори шоир рӯҳияи халқ, тафаккур ва лафзи мардум хеле равшан акс андохтааст. Ҳамин аст, ки баъзе байтҳои Миршакар, аз қабили

Барои Ватан додаам ҷону тан,
Ватан аз ман асту манам аз Ватан!
Ё
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зиндагиро орзу ширин намуд

аз лиҳози ҳикмати баланд, рехтагиву суфтагии забон ва равшании баён зарбулмасалу мақолҳои халқиро мемонанд.

пешина
аз 202
навбатӣ