Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар натиҷа дар афкори худогоҳиву худафрӯзии шоир як навъ инқилоб ба вуҷуд омад, тафаккури бадеияш бо баррасию мулоҳиза ва хулосаҳои фалсафии иҷтимоӣ оганда шуд, мазмуни шеър пухтатару ифодаи фикр суфтатар гардид, ки намунааш ин аст:

Чӣ сон шоми ғарибе барфурӯзем,
Барои кори хайре гар насӯзем?
Фурӯғи инқилоб аз сӯзиши мост,
Ситора дар шабу Хуршеди рӯзем.

Сароғози бисёр шеърҳои Мирсаид Миршакарро мисраъ, байт ва чаҳорпораҳо аз ашъори устодони гузашта зинат додаанд. Шоир мекӯшид, ки афкори фалсафию ахлоқии классиконро идома диҳад ва ба вазъи ҷомеаи кунунӣ мутобиқ созад. Тазмину иқтибосҳо аз Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Мавлавӣ, Саъдӣ, Бедил, Иқбол, Лоҳутӣ, Халилуллоҳи Халилӣ, Пайрав Сулаймонӣ ва дигар устодони гузаштаву муосир илҳомбахш ва ҳидоятгари шоир ба мавзӯи азалӣ ва ҳамешагии адабиёт – Инсон буданд. Аксари шеърҳои Миршакар дар қолабҳои маснавӣ, қитъа, ғазал, мусаммати мураббаъ, дубайтӣ ва рубоӣ эҷод шудааст. Дар баробари ин, шоир мекӯшид, ки берун аз қолабҳои анъанавии маъмул низ шеър гӯяд, агарчи дар «Шеъри нав» ном асараш ӯ назари худро ба навию куҳнагии шеър мушаххасан баён кардааст:

Ҷӯраи ман муҳаррири дилсӯз Шеъри нав мекунад талаб ҳар рӯз.
Гуфтаму боз мекунам такрор:
– Шеър не, он чи куҳна мегардад.
Шеър агарчи нафистар аз гул, Ҳеҷ пажмурда ӯ намегардад.

Ва дар ҷои дигар нисбат ба шеъри озод чунин изҳори ақида намудааст:
Шеъри нав озод аз вазну низом, Шакли он ҳам он қадар обод нест.
Лек чун маҳсули ранҷи шоир аст, Аз тақозои замон озод нест!

пешина
аз 202
навбатӣ