Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Масалан, дар мақолаи «Қоматбаланду назарбаланд буд ӯ» на танҳо аз сифатҳои инсонӣ, шоирии Мирсаид Миршакар вижагиҳои шахсияти ӯ вобаста ба вақту замон сухан меравад, ки симои ӯро равшану возеҳ таҷассум месозад, балки таъсиргузории гузаштагон ба эҷодиёти Миршакар то ҷойе таҳқиқ меёбад, ки хеле муҳим аст.
Мушоҳидаи муаллиф дар хусуси он ки пас аз ошноӣ ва омӯзиши осори Муҳаммад Иқбол «тафаккури бадеӣ, диди эстетикии ӯ ба фалсафа, таърих, иҷтимоъ, инсон, худшиносиву ҷаҳоногаҳӣ ва идроку тавзеҳи масоили вобаста ба инсону ҷомеа дигаргун гардидааст», хеле ҷолиб ва муҳим аст.
Мутолиаи ин мақола кофист, ки мо Мирсаид Миршакаррро ҳамчун инсони дорои одоби баланд, пурмасъулият, пуромӯзиш ва сарбаланду хайрхоҳ бишиносем ва аз махсусиятҳои шеъри ӯ низ огоҳ шавем.
Як вижагии навиштаҳои Абдураҳмони Абдуманнон дар он зоҳир мегардад, ки ӯ баъзан аз баёну ифодаҳои муҳокимаҳои илмӣ берун меравад ва суханро ҷомаи бадеӣ мепӯшонанд ва дар ин мавридҳо суханонаш самимиву таъсирбахш садо медиҳад.
Дар мақолаи «Поягузори драмаи касбии тоҷик», ки ба Ғанӣ Абдулло бахшида шудааст, ӯ менависад:
«… Баъд соли 1937 фаро расиду гӯё замин аз зери пояш бадар рафт, осмон бар сараш фурӯ афтод. Даҷҷол бо хараш омаду ӯро дар радифи ҳазорон ҳамтақдираш ба паллаи оташбори хурҷин андохт ва тану ҷонашро ба азоби алим гирифтор кард…».
Дар мақолаҳои бахшидашуда ба Ғанӣ Абдулло ва Раҳим Ҳошим симои манфур ва номардонаи як гурӯҳ сияҳкорони палид аз паси ҷумлаҳои ба дард навишта бе тасвир ба тасвир меоянд.
Онҳое, ки дар бадном ва бегуноҳ гунаҳкор кардани беҳтарин қаламкашони замон аз сари кинаву ҷаҳолат саҳмгузор будаанд, боиси бадбахтии хонаводаҳои шоистаи даврон гардидаанд. Пас аз мутолиаи ин саҳифаҳо нафрат ба ин симоҳои манфур дар дили хонанда бедор мегардад. Ин ҳақиқат аст. Чунин шахсони палид, бадхоҳ, бераҳм, бадандеш ҳамеша будаанду ҳастанд ва симои сиёҳи онҳо бояд таҷассуми худро биёбад, ки нафрати ҷовидон бо онҳо бод ва хонандаро аз ҳузуру зуҳури ин палидон огаҳӣ диҳад.

пешина
аз 202
навбатӣ