Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Албатта, ин достон чеҳраи комили ташаккулу таҳаввули шахсияти Носири Хусравро дар бар намегирад, вале ҷараёни аввал муқовимат кардан ва тадриҷан ба таълимоти ӯ рӯй овардану дил бастани мардуми Бадахшонро хеле шоирона ва эътимодбахш манзур мегардонад. Аслан ин достонро метавон такмил ва боздиду бознависи манзумаи «Носири Хусрав манам» донист.
2 Аз ашъори барои кӯдакон ва достонҳои устод Миршакар иҷмолан гузаштем, зеро ин ҷо ҳадафи аслӣ ҷалб кардани таваҷҷуҳи хонанда ба шахсияти адабиву инсонӣ ва ашъори барои калонсолон таълифкардаи ӯст, ки то ҳол камтар мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд.
Мирсаид Миршакар дар шеърҳои ғиноие, ки барои калонсолон гуфтааст, бештар дунёи ботинӣ, ҷаҳони дил ва мароми зиндагии хешро ифшо кардааст ва худ дар шеъри «Он чи дил гуфт…» ин маъниро хеле возеҳ ифода менамояд:

Он чи дар дафтари ман мехонӣ,
Он чиро шеъру ғазал медонӣ,
Шеър не, балки навои дили ман,
Ба Ватан меҳру вафои дили ман.
Миннати кас напазируфтам ман,
1
Он чи дил гуфт, бигӯ, гуфтам ман.

Ба он чи ӯ миннати кас напазируфтааст ва дар зиндагӣ,
фаъолияти адабӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ ростқавлу росткор,
якрӯву якмаром будааст, мо поинтар бармегардем. Ҳоло таваҷҷуҳ мекунем ба маънии мисраи «Он чи дил гуфт, бигӯ,
гуфтам ман», ки мантиқан ва моҳиятан ба мисраи моқабл,
албатта, мутаносиб аст. Аслан, устод Миршакар табиатан як

1
Мазмуни ин байт аз Низомии бузург аст, ки фармуда:
Орият аз кас напазируфтаам,
Он чи дилам гуфт, бигӯ, гуфтаам.

пешина
аз 202
навбатӣ