Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
ШАРОФАТИ БУЗУРГОН
(Ба истиқболи 100-солагии Носирҷон Маъсумӣ)
Аввал ошноӣ, баъд шогирдӣ, сипас дӯстии хонаводагӣ насибам шуд, ки устоди зиндаёд Носирҷон Маъсумӣ дар ташаккули шахсияти инсонӣ ва илмиву адабии банда нақши носутурданӣ гузоштаанд. Аз устод на танҳо одоби шинухез, рафтору кирдору гуфтор, муносибату муомила бо атрофиёнро ҳатталимкон меомӯхтам ва на танҳо аз дониши фаровонашон дар соҳаҳои гуногуни илми филология баҳраҳо мебурдам, инчунин аз шарофаташон дар хона, ҷои корашон ва ҷойҳои дигар аз ҳузур ва суҳбатҳои бузургони илму фарҳанги замон баҳравар мешудам.
Рӯи коғаз овардани хотираҳои ҷолибро вобаста ба устод ба фурсату мавриди дигар мавқуф гузошта, ин ҷо аз як шоми файзборе, ки тавассути Носирҷон Асадович ба ҳузуру суҳбати устоди бузургвор Мирзо Турсунзода шарафёб шуда будам, мехоҳам ёдовар шавам.
Дар яке аз рӯзҳои тирамоҳи соли 1971 писари устод Маъсумӣ Фарҳод, ки дар хобгоҳи аспирантони Академияи илмҳои ИҶШС дар шаҳри Москва бо ӯ ҳамутоқ будем, аз куҷое ба хобгоҳ омаду хабар дод, ки устод дар Москва ҳастанд ва дар меҳмонхонаи сафорати Тоҷикистон (кӯчаи Щусев, 13) ҷой гирифтаанд. Сипас илова намуд, ки падараш таъйин кардаанд, то ман соати 6-и шом наздашон биравам.
Баъди андак танаффус боз илова намуд, ки таъкид кардаанд, то ман ҳатман костюм бипӯшам. Сабаб пурсидам, бо табассуми истеҳзоомезе гуфт: «намедонам, шояд ба ресторан ё ба ягон ҷо ба меҳмонӣ раветон, маро даъват накардаанд…»
Каме ҳайрон шудам. Одатан вақте ки устод ба Москва меомаданд, писаронашон Фарҳоду Фаррух ва маро ба хӯроки нисфирӯзӣ ё хӯроки шом ба яке аз тарабхонаҳо, аксаран ба тарабхонаи Хонаи адибон, даъват мекарданду ҳолпурсӣ ва таъйиноташонро дар сари миз анҷом медоданд. Бинобар ин аз Фарҳод суол кардам, ки «чаро туву Фаррух намеравед?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё