Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гиппиус ба Есенин чиро раво дидааст, кор надорем, вале Фитрату Ҳайрат ба Шоҳину Туғрал чӣ бадие карда бошанд, аз маъхазе пайдо накардем ва аз эҳтимол дур нест, ки дар доираи чунин биниш иртибот додани шахсиятҳои мазкур маҳсули тахайюлоти на он қадар солим ба хотири «асоснок» кардани назарияи носолими «ҷаври ин бар он» аст. Вагарна Фитрат (1886-1938) ва Ҳайрат (1878-1902) ба Шоҳин (1859-1894) ва Туғрал (1865-1919) на бархӯрде доштанд, на муомилае. Ҳайрати ғӯрамарг ҳангоми фавти Шоҳин ҳамагӣ 16 сол дошт, бо Туғрал аслан вонахӯрдааст ва худ аз 18-солагӣ гирифтори бемории сил буду дар назди Ашӯрбеки даллол барои табобату рӯзгузаронӣ хизмати мирзоӣ мекард ва дар синни 24-солагӣ аз асари беморӣ фавтид.
Ӯ худ бечора буд ва бо Шоҳини надими амир дар 16-солагӣ (хоса, ки ӯ худро аз пайравони Шоҳин медонист) ва ба Туғрали сокини Фалғару Самарқанд чӣ зараре метавонист бирасонад? Аз рӯҳ битарсед, ҷаноби Раҳмониён! Дар масъалаи Фитрат низ на маъхаз, на мантиқи солим «ҳукм»-и Раҳмониёнро наметавонад таъйид бикунад. Ҳангоми вафоти Шоҳин Фитрат ҳамагӣ 8 сол дошт, ӯ аз соли 1908 то 1914 дар Истанбул таҳсил мекард, танҳо соли 1914 ба Бухоро баргашт. Туғрал солҳои 1914-1919, яъне дар охири умр ба Бухоро нарафта ва бо Фитрат рӯбарӯ нашудааст, балки, ба қавли устод Айнӣ, «дар охирҳои ҳол обу ҳавои тозаи кӯҳистонро аз зиндагонии шаъшаъадори пурташвиши шаҳрҳо тарҷеҳ карда», дар зодгоҳаш бо деҳқониву чорводорӣ машғул буд. Гузашта аз ин ҳама, аз мероси на Ҳайрат ва на Фитрат бӯи хусумате нисбат ба Шоҳину Туғрал ба димоғ намерасад. Пас, ин бофтаи ҷаноби Раҳмониён ба хотири чист? Ба хотири ангехтани низоъи бепояву бемоя байни «саҳроишуурон» ва «шаҳришуурон»-и боз ҳам бофтаи хаёлоти носолим? Бо ин ноогоҳиву бесалоҳиятиву бемасъулиятӣ фазлфурӯшиву аз худ олимтарошӣ карданҳо ва «ҳукм» баровардану «фатво» доданҳо ба хотири чист?
Албатта, ҷаноби Раҳмониён метавонад даъво пеш орад, ки манзураш на Абдуррауфи Фитрат, балки Мирзо Қурбони Фитрат (ваф.1887) – муаллифи «Туҳфат-ул-аҳбоб», ғазалиёт, қасоид ва рубоиёти гиро, ҳамзамони Шоҳин аст ва шояд ҳамин тавр ҳам бошад.

пешина
аз 202
навбатӣ