Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Баъди гузашти солҳо ва нашри маҷмӯаҳои бисёри Муҳаммад Ғоиб шоири номдори мо Низом Қосим, гӯиё он пешгӯии умедворонаи устод Лоиқро тасдиқ мекарда бошад, навиштааст: «Гумон меравад, ки Муҳаммад Ғоиб осон шеър мегӯяд ва сабаби ин заминаи маҳками ашъораш аст. Ин замина зиндагиномаи муассир ва дили бисёр ҳассоси ӯст, ки аз бархурди камтаринашон мутаассирӣ ба амал меояд ва шеър ҳосил мешавад.
Воқеан рухдоди андаке Муҳаммад Ғоибро мутаассир мекунад ва дунболи шеър мебарад. Меандешӣ, ки агар чашми ҳарфҳои шеърашро каме бифшорӣ, ашк хоҳад рехт…
Муҳаммад Ғоибро аксари хонандагон шоири ашъори ғаноӣ ва таронаҳои дилраси ватанхоҳонаю ошиқона мешиносанд… Ӯ шиор намепартояду воқеа наменигорад, лекин пораҳое дорад, ки аз доираи калимоти хеш фаротар рафта, касро ба андешамандию натиҷагирии амиқтару вусъатноктаре мебаранд…»
Шоири хушзавқ Зиё Абдулло бардошти худро аз шеъри Муҳаммад Ғоиб чунин иброз медорад: «Муҳаммад Ғоиб шоирест, ки дар гуфтани шеър барои ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон дасти тамом дорад. Агар шеър дард аст, ӯро шоири дардмандтарин метавон номид, вале шеъри ӯ аз оҳанги созанда ва офаранда ва умед барои оянда лабрези лабрез аст…
Агар шеър зинда доштан ва парваридани муҳаббат ба Ватан ва миллат аст, ҷозибтарин ва самимитарин муҳаббат дар ашъори ӯ меҷӯшад… Агар шеър парвариши рӯҳ аст, рӯҳи тавоно дар осмони шеъри ӯ сайр дорад».
Роҳи зиндагии мустақилона, омӯзишу эҷод, заҳматҳои пайваста, нокомиву комёбиҳо, ташаккул ва такомули шахсияти Муҳаммад Ғоиб, чун роҳи аксари эҷодкорони насли мо, аз деҳа оғоз шудааст. Мо ҳама ҳолати равонию рӯҳонии худро ҳангоми бори аввал баромадан аз деҳаву раҳсипор шудан ба шаҳр дар хотир дорем:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё