Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Бубинед, дар ин банд аз як мусаммати мураббаъ шоир то чи андоза пазмонӣ ва ҳиссиёти нозукро нисбат ба деҳа, меҳру эҳтироми бепоёни худро ба волидайн, дилбастагии тарафайни падару модарро нисбат ба якдигар гарму самимӣ ифода кардааст:
Шабе, ки модарам меҳмони ман буд, Ҳавои шаҳр бӯи деҳа мекард.
Аз он ки қиблагоҳам бистарӣ буд, Дуову саҷда сӯи деҳа мекард.
Дар китоби «Авҷи парвоз» чанд шеъри зебову пурмуҳтавои тамсилӣ низ ҳаст, ки аз пуишу ҷусторҳои эҷодии Давлат Сафар гувоҳӣ медиҳад. Масалан, дар як шеъри озоди кӯтоҳи «Сарбаландӣ» аз ғурури сафедоре сухан меравад, ки ток ба пушташ панҷа задааст. Ин ҷо сухан нисбатан сатҳӣ буда, гӯё ин шеър вуруд ба як мавзӯи тамсилист. Ҳамин мавзӯъ дар шеъри « Таъкид» хеле тафсил ёфта, ба хонанда дар шакли як тамсили мутаммаме пешниҳод гардидааст, ки ҳикмату фалсафаи худро дорад.
Давлат Сафар аз оғози фаъолияти эҷодияш ба шеъри нимоӣ таваҷҷуҳ дошт ва дар китоби «Авҷи парвоз» низ як силсила аз он гуна шеърҳо нашр шудаанд. Одатан ин навъи шеър шаклан кӯтоҳ ва мазмунан фарогир аст. Мутолиаи шеърҳои нимоии Давлат моро ба чунин андеша вомедорад, ки агар аз ин роҳ низ биравад, муваффақ хоҳад шуд. Яке аз ин навъ шеърашро намуна меорем:
Хоб дидам, шаб ба рӯи синаам
Чун нишоне ҳалқаи зулфи туро овехтам.
Бӯса кардам ҳамчу парчам
Гӯшаи рӯмоли алвони туро,
Ман шудам пайванди ҳизби ошиқӣ.
Китоби «Авҷи парвоз» гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Давлат Сафар шоири ҷӯёву пӯёст. Маҳорати шоирияш дар ҳоли такомул ва доираи мундариҷаи ашъораш ниҳоят васеъ аст: аз гаҳвора то лаҳад, аз пайраҳа то паҳно, аз кӯчаи танги деҳ то олами бекарон, аз лаҳзаву они воҳид то абадият.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё