Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Ростӣ хубу вале диди дигар мебояд,
Қомати сарв бурун омада аз решаи каҷ.
Дар бархе аз ғазалҳо ҷузъиёти воқеияти деҳаро шоир бо диди нозук ба риштаи тасвир кашидааст:
Пир гуфто: Ба асо навдаи тут афшонам,
Ёр агар дар бағалам ҷилваи дерина кунад.
Дар лаби ҷӯй, ки айёми ҷавонӣ бигзашт,
Оҳи пиронаи ман накҳати пудина кунад.
Бештари ғазалҳои Давлат Сафар хеле равону шево иншод шуда, дорои тасвирҳои зебову дилписанд ҳастанд, мисли:
Як шаби баҳор дар канори ёр,
Эй чи хуш, ки боз мастам аз хумор.
Ҳоли сарнавишт дар хати сиришт
Чун тавон навишт аз ғами нигор?
Дар қабои шаб, бӯсаҳо ба лаб,
Масти тобу таб, шукри бешумор…
Мехоҳем суханро дар боби ғазалиёти шоир бо чанд байт аз як ғазали ӯ қатъ бикунем, ки худ гӯётар аз ҳар тафсиранд:
Гоҳе, ки зулфи ёр ба чанголи шона буд,
Дар ҳар гиреҳи зулф ниҳон як баҳона буд…
Раҳ рафтану ба ишва нигаҳ карданат ба мо
Шаҳбайти нонавиштаву тарҳи тарона буд.
Дар мактаби муҳаббату ишқи ту, сад дареғ,
Тадриси мо ба илму амал ғоибона буд…
Шаб ранги мӯи туст, надорам ҳарос аз он,
Ларзиш ба панҷаҳои ман аз рашки шона буд.
Қисмати асосии китоби «Авҷи парвоз»-ро рубоиёти шоир ташкил медиҳанд. Гумон мекунам, ки комёбиҳои Давлат Сафар маҳз дар рубоӣ бештар ба зуҳур омадааст. Маъмулан дар рубоӣ шоирони гузаштаи мо масоили гуногуни ҳикмату фалсафаро вобаста ба ҳаёту мамот, фарду ҷомеа, некиву бадӣ ва ғ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё