Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Давлат Сафар ғазалу рубоӣ мегӯяд, шеърҳои сафед ва нимоӣ менависад. Дар ҳар маврид мекӯшад, ки суханаш рангу намои тоза ва бори маънӣ дошта бошад. Аз ашъораш бӯи деҳа ба машом, манзараҳои нотакрори табиати кӯҳистон ба чашм ва чаҳ-чаҳи мурғону садои дили ошиқон ба гӯш мерасад. Инак, маҷмӯаи тозанашри Давлат Сафар таҳти унвони «Авҷи парвоз» дар дасти мост.

2 «Авҷи парвоз» чаҳорумин маҷмӯаи шеърҳои Давлат Сафар аст ва нишонаҳои шохиси ташаккули ӯро ба сифати як нафар шоири асилу умедбахш ба таври возеҳ намоён мекунад. Хонандае, ки таҳаввули эҷодии Давлат Сафарро пайгирӣ кардааст, ба хубӣ метавонад дарк бикунад, ки маҳорату салиқаи суханварии ӯ аз маҷмӯае то маҷмӯаи дигар сайқал меёбад, олами тахайюлу тасаввураш рангинтар, доираи мавзӯъҳои ашъораш васеътар, таносубу мантиқи суханаш қавитар ва дар маҷмӯъ тарҳи чеҳраи адабияш равшантару мушаххастар намудор мешавад. Эҷодиёти ӯро метавон яке аз падидаҳои нодири шеъри даҳ соли охири мо арзёбӣ кард.
Дар «Авҷи парвоз» ашъоре гирд омадаанд, ки дар жанру шаклҳои гуногуни шеърӣ эҷод шудаанд ва маҳорату завқу салиқаи шоирро дар гунаву шаклҳои суханварӣ нишон медиҳанд.
Қисми умдаи китобро ғазалиёти шоир ташкил додаанд.
Албатта, як силсилаи ин ғазалҳоро метавон машқи ғазал гуфт, зеро дар онҳо кӯшиши сайқал додани маҳорат, истифодаи саноеъи бадеии лафзиву маъноӣ ва пероишу ороиши сухани шоирона ба таври возеҳ ба назар мерасад. Аксари ин ғазалҳо бо риояи ҳамаи талаботи ғазали анъанавӣ эҷод шуда, аз таъбироту маъниҳои тоза ва ҷузъиёти воқеияти имрӯз саршоранд ва сарфи назар аз мавзӯъ, рӯҳияи замони моро ифода мекунанд. Баъзе ғазалҳои китоб мушаххасан ба мавзӯи Ватан бахшида шудаанд, мисли «Шаҳраги ҷону танам восили ҷони Ватан аст», «Гуфтам: Хумори васфи чӣ дорӣ, ватансаро?», «Мурғи илҳоми ман аз дашту даман омадааст» ва ғ.

пешина
аз 202
навбатӣ